Аёдати собиқадорони соҳа бахшида ба Иди саиди Фитр

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2260

 Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати собиқадорони соҳа дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ба ҳукми анъана даромадааст. Дар арафи Иди саиди Фитр собиқ сардорони Раёсат, ки ҳоло дар нафақаанд – Султонов А.А. ва Умаров Н.У., собиқадорони соҳа, ки солҳои тӯлонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолият кардаанд – Абдувалиев А.К., Тӯхтабоев Ю., Нуралиев Ё. (Деваштич), Шукуров О. (Деваштич), Болтуев Д. (Б.Ғафуров), Ҳакимхӯҷаева Ф., Нурматова М., Турсунова М., Садриддинова С., Амонов А. (Конибодом), Халилзода Ш. (Айнӣ), Шодиев Т. (Зафаробод), аёдат карда шуда, ба онҳо кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд.

  Ҳамчунин дар арафаи Иди саиди Фитр ба кормандони ёрирасони хоҷагидории Раёсат кӯмаки молиявӣ расонида шуд. Чунин иқдомҳои наҷиб аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам роҳандозӣ мегардад.

joomlamodniyportal.ru