Все статьи
17 Март 2020
Аксияи «Тозагии маҳал» дар миқёси вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз, баҳри ҷалби оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити атроф шанбеи гузашта дар миқёси вилоят аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар аксия кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, намояндагони корхона ва ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоату шаҳракҳо, сокинони маҳалаҳо, муҳасилини муассисаҳои таълимӣ 46856 нафар иштирок доштанд. Дар рафти аксия 33,2 км ҷӯйборҳо, ҳудуд 36778 м2 ва қади роҳҳо 25030 м тоза карда шуд. Ҳамчунин 2,2 км заҳбуру каналҳо тоза, 2148 бех дарахтон ва роҳгаштҳо 500м сафед карда шуда, ба партовгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо ба миқдори 116,3 м3 партовҳо бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ш.Конибодом
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 14 марти соли 2020 тибқи нақшаи чорабинии бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Конибодом бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр назди идораи бахш, кӯчаҳои Камоли Хуҷандӣ, Исмоили Сомонӣ ва назди дармонгоҳи шаҳрӣ аксияи «Тозагии маҳал» муташаккилона доир гардид. Дар он зиёда аз 136 нафар сокинони шаҳр иштирок намуда, қариб 90 м ҷӯйборҳо тоза ва ва ҳудуд ба масоҳати 2698 м2 тоза карда шуд. Ҳамчунин 47 адад дарахтон сафед ва ба миқдори 74 адад ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ш.Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар шаҳри Панҷакент бо мақсади тозаву обод намудани муҳити зист, ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз ва 5500 солагии Саразми бостонӣ мунтазам корҳои ободонӣ кабудизоркунӣ гузаронида шуда истодааст. Бо ин мақсад дирӯз дар назди бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Панҷакент зиёда аз 26 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд. Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Панҷакент то имрӯз дар миқёси шаҳр шумораи умумии ниҳолҳои шинонидашуда қариб 2 ҳазор бехро ташкил дода, корҳои ободониву созандагӣ то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома меёбад.
Корҳои сабзкориву ободонӣ дар қадди роҳҳо
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо мақсади ободу зебо гардонидани қадди роҳҳо, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, бахшида ба Иди Наврузи байнал-милалӣ дар қадди роҳҳои протоколӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ, ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Масчоҳ ва маркази шаҳрак маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ дар он намояндагони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳо қадди роҳҳоро аз партовҳо тоза намуда, 580 – адад дарахтони сояафкан ва 1,5 ҳазор адад гули садбарг шинониданд.
Бахшида ба Рузи умумиҷаҳонии об – аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Исфара
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи умумиҷаҳонии об бо мақсади аз партовҳо тоза намудани соҳили дарё бо икдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар шаҳри Исфара аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия хонандагони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони соҳаи маориф ва бахши кор бо ҷавонони шаҳр фаъолона иштирок намуда, соҳили дарёи Исфара аз партову алафҳои бегона тоза карда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ш.Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз, баҳри ҷалби оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити атроф дар шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар аксия намояндагони корхона ва ташкилоту муассисаҳо, сокинони маҳалаҳо, муҳасилини муассисаҳои таълимӣ 2310 нафар иштирок доштанд. Дар рафти аксия 2 км ҷӯйборҳо ва майдонҳо аз алафҳои бегона тоза карда шуданд. Ҳамчунин 6 м3 партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.
12 Март 2020
Семинари илмӣ – назариявӣ дар донишгоҳ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамкорӣ бо кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров», санаи 12.03.2020 дар толори хурди Раёсати Донишгоҳи мазкур бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, семинари илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Тоҷикистон -пешоҳанги масоили ҳифзи об дар ҷаҳон» баргузор намуд. Дар кори семинар устодону донишҷӯён иштирок карда, аз ҷониби сармутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, магистранти соли аввали ихтисоси «Экологияи умумӣ» барои иштирокдорон баромадҳо дар мавзӯҳои «Пешвои миллат – асосгузори дипломатияи об дар ҷаҳон», «Ҳолати кунунии истифодаи захираҳои об дар вилояти Суғд» ва «Мавқеи тозанамоии партовобҳо дар беҳдошти муҳити зист» пешниҳод гардид.
Машварати кории назди сардори Раёсат
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 11 марти соли равон дар Маркази бозомӯзии ш.Гулистон машварати корӣ бо иштироки сардори Раёсат Ҳакимзода А.Қ. доир гардид. Дар маҷлис муовини сардори Раёсат, сардорони шуъбаҳои Раёсат ва сармутахассисон, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Дар маҷлис натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят дар 2 моҳи соли равон ва вазифаҳо барои бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолияти семоҳаи 1-ум мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифт.
07 Март 2020
Аёдати собиқадорони соҳаи мақомоти ҳифзи муҳити дар рӯзи иди модарон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 7 март бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар се нафар бонувони собиқадори соҳа, ки дар нафақа мебошанд аз ҷониби сардори Раёсат ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода А.К. аёдат карда шудаанд. Табрикоти сардори Раёсат ва кӯмаки моддию молиявӣ ба собиқ сармуҳосиб Турсунова М., собиқ сардори шубаи назорати таҳлили Ҳакимхуҷаева Ф. ва собиқ сармутахассис оид ба кадрҳо Нурматова М. расонида шуд.
Табрикоти бонувон ба рӯзи иди модарон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо

Санаи 6 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бахшида ба Рӯзи модар маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳи муовини сардор табрикоти сардори Раёсат Ҳакимзода А.К. -ро ба бонувон расонида, саҳми арзандаи бонувонро дар фаолияти мақомот зикр намуд. Сардори шубаи раёсат Садриддинова С. барои чунин арҷгузори нисбати занон изҳори миннатдори баён намуд.


