Все статьи
22 Декабрь 2023
Вохӯрӣ бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти солонаи гурӯҳҳои кории шаҳри Истиқлол ва ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» дар шаҳри Истиқлол ваҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров гурӯҳҳои корӣҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ таъсис ёфта, давоми ду соли охир дар шаҳру ҷамоати деҳоти мазкур як қатор чорабинӣ ва вохӯриҳо амалӣ гардиданд. Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти солонаи гурӯҳҳои корӣ дар толори меҳмонҳонаи «Суѓдиён»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии васеъ бо иштироки намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, ташкилоти САҲА, аз он ҷумлаҶумҳурии Ўзбекистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», васоити ахбори омма ва худи гурӯҳҳои корию аъзоёни раванди «Нозирони сабз»-и шаҳри Истиқлолуҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров баргузор гардид.Пеш аз оғози чорабинӣ барои иштирокдорон ва меҳмонон намоишгоҳиаксҳо дар мавзӯи «Ҷаҳони пластикӣ»муаррифӣ гардида, инчунин озмун - викторина дар мавзӯи намоишгоҳ гузаронида шуд.
16 Декабрь 2023
Аксияи экологӣ дар шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о ташаббуси кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон бо иштироки кормандони КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва сокинони маҳаллаҳои шаҳр новобаста аз обу ҳаво аксияи экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Аксияи мазкур бо мақсади тоза намудани нуқтаҳои ҷойгиронии муваққатии партовҳо ва гирду атрофи онҳо ташкил гардид. Дар натиҷа бо истифода аз техникаи махсуси партовкашон 15 адад чунин нуқтаҳо бо пуррагӣ аз партовҳои истеъмолӣ тоза гардид ва ба партовгоҳи шаҳрӣ 30 метри мукааб партовҳо интиқол дода шуд. Барои минбаъд, мунтазам тоза нигоҳ доштани ҷойҳои расмии партовҷамъкунии дар маҳаллаҳои аҳолинишин ҷойгиршуда, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон ба корхонаи манзилию коммуналӣ пешниҳодҳо дода шудааст.
14 Декабрь 2023
11 декабр Рӯзи байналмилалии кӯҳистон таҷлил мегардад
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар моҳи январи соли 2003 бо қарори 57-умин Маҷмаи Умумии СММ санаи 11 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯҳистон таъсис ёфта, таҷлил карда мешавад. Рӯзи байналмилалии кӯҳистон соли 1992 бо қабули Рӯзномаи 21 аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд таъсис дода шуд, ки боби 13-и он «Идоракунии экосистемаҳои осебпазир: рушди устувори кӯҳистон» дар таърихи рушди кӯҳҳо марҳалаи муҳимтарин буд. Кӯҳҳо тақрибан чоряки сатҳи замини ҷаҳонро ишғол мекунанд, дар ҳаракати ҷаҳони мо ба сӯи рушди устувори иқтисодӣ нақши муҳим мебозанд ва дар куҳҳо 15% аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо на танҳо манбаи зиндагӣ ва некӯаҳволии қариб як миллиарду сад миллион нафар аҳолии минтақаҳои кӯҳистонро таъмин мекунанд, балки бавосита ба миллиардҳо нафаре, ки дар доманакӯҳҳо зиндагӣ мекунанд, нафъ мебинанд. Ва албатта, фаромуш кардан лозим нест, ки куҳҳо мамнуъгохи бисёр навъҳои набототу ҳайвонот, манбаи оби ҳамаи дарёҳои асосии кураи замин мебошанд. Мақсад аз ин рӯз табрик кардани ҳама «дахлдорон» набуда, балки ҳифзи сарватҳои табиии ҷаҳон, дастгирии сокинони бумии манотиқи кӯҳистонӣ, баланд бардоштани огоҳии мардум аз мушкилот ва аҳамияти кӯҳҳо мебошад. Аксари чорабиниҳои идона дар кишварҳои узви СММ баргузор мешаванд.
30 Ноябрь 2023
Гузаронидани пурсиши сотсиологӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади муайян намудани сатҳи дониши аҳолӣ нисбат ба масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва муайян намудани сатҳи фарҳанги экологӣ пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуд. Барои гузаронидани пурсиш Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд интихоб гардида, моњи феврали соли 2023 бо ташаббуси сарраёсат дар толори марказ бо муовинон ва масъулини равияи «Табиатдӯстон»-и муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят семинари омӯзишӣ ташкил ва баргузор гардида буд, ки дар рафти он оид ба дуруст таҳия намудани ҳисоботи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва гузаронидани пурсиши сотсиологӣ корҳои фаҳмонидадиҳию омӯзишӣ амалӣ гардид. Дар натиҷа байни омӯзгорони Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Гулистон, Бӯстон (ҷ/ш Палос), Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Шаҳристон, Ашт ва Спитамен пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуд.
29 Ноябрь 2023
Вохӯрии гурӯҳи кории ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров бо аъзоёни «Клуби экологӣ»-и донишкада
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади таҳкими ҳамкории гурӯҳикории ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуровва аъзоёни «Клуби экологӣ»-и кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои бехатарии экологӣ дар толори донишкада вохӯрӣ баргузор гардид. Соли дуюм аст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» таъсиси гурӯҳи корӣҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ дар ҷамоати деҳоти мазкур амалӣ гардида, то айни ҳол як қатор чорабинӣ ва вохӯриҳо гузаронида шуданд. Бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» гузаронидани вохӯрии навбатӣ дар донишкада дар он буд, ки аз як тараф шиносоӣ ва ҳамкорӣ пайдо намудани гурӯҳикорииҷамоати деҳоти Ғозиён бо «Клуби экологӣ»-иДонишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, аз дигар тараф ҷалби донишҷӯён, аъзоёни «Клуби экологӣ» ба масъалаҳои экологии ҷамоати деҳот ва ноҳия, ки дар навбати худ барои баланд бардоштани донишу маърифати экологии онҳо саҳм мегузорад.
22 Ноябрь 2023
Ифтитоҳи Маркази ташхиси экологӣ дар назди факултети геоэкология ва туризм дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар заминаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки ректор Усмонзода А.И., мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Султонӣ Т., директори Намояндагии Котиботи байналмилалии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Оливе Норманд, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода А.Ғ., ва дигар шахсони масъул Маркази ташхиси экологӣ бо озмоишгоҳи таълимӣ дар назди факултети геоэкология ва туризми ифтитоҳ гардид. Тавассути ҳамкории устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм бо Намояндагии Котиботи байналмилалии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази ташхисии экологӣ ба маблағи наздик ба 300 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти техникӣ барои гузаронидани ташхисҳои лаборатории оби ошомиданӣ ва партовобҳо, ташхиси партовобҳо дар шароити саҳроӣ туҳфа карда шуд. Таҷҳизоти муҷаҳазшуда иборат аз мултиметр, спектрофотометр, автоклав, тарозу бо хушккунӣ, яхдони статсионарӣ, яхдон барои корҳои саҳроӣ, спектрофотометри бисёрфунксионалӣ, дистилятор, комплекти таҷҳизот барои ташхиси бактериологӣ, маҷмӯи зарфҳои химиявӣ ва биологӣ барои гузаронидани ташхис, комплекти реактивҳои химиявӣ, маҷмӯи таҷҳизот барои ташхиси бактериалӣ ва ғайра иборат мебошад.
Ҷалби сокинони ноҳияи Деваштич ба тоза намудани шоҳроҳ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Ш
оҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанноқ яке аз шоҳроҳҳои асосии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, бо воситаи он сокинони кишварамон ва меҳмонон рафту омади бисёр доранд. Бинобар он, назорати мунтазам тозаю озода нигоҳ доштани шоҳроҳ ба вазифаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дохил гардида, зерсохторҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, ки аз дохили шаҳру ноҳияҳои онҳо шоҳроҳ мегузарад тадбирҳои заруриро меандешанд. Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич бо ҷалби 85 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳия ва намояндагони ташкилоту муассиса дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанноқ аксияи экологии «Тозагии шоҳроҳ» ташкил ва гузаронида шуд. Дар натиҷаи иштироки фаъолонаи сокинони ҷамоат 23 км шафати роҳҳои нақлиётгард аз партовҳои гуногун тоза гардида, 2,1 тн партов бо техникаи махсус ба партовгоҳи марказии ноҳия интиқол гардид. Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолият дар самти иттилоот ва маориф бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич бо намояндагони васоити ахбори омма корбарӣ карда, рафти баргузории аксия аз ҷониби кормандони телевизиони ҷумҳуриявии «Синамо» наворбардорӣ гардид. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки ташкили мунтазами чунин чорабиниҳо ба беҳтар намудани вазъи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
20 Ноябрь 2023
Аксияи экологӣ бо иштироки волонтёрон ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
ахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан якҷоя бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, бо иштироки 40 нафар волонтёрон дар қадди шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ аксияи «Тозагии шоҳроҳ» гузарониданд. Дар оғози аксияи мазкур 120 адад борҷомаҳои полиэтиленӣ ва 40 адад дастпушак ба иштирокдорон тақсим гардида, дар натиҷа 5,5 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ ва бо воситаи техникаи махсуси муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Истаравшан ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки пеш аз гузаронидани аксия тарики радиои маҳалии «Парвин FM» ба тамоми сокинони шаҳр оид ба баргузории чорабинии мазкур баромаду эълон карда шуд. Ҳамчунин, бо мақсади ташвиқу тарғиб ва минбаъд ҷалби оммаи васеи сокинон ба гузаронидани аксияҳои экологӣ рафти корҳои иҷрошуда аз ҷониби намояндагони телевизиони марказии шабакаи «Тоҷикистон» наворбардорӣ гардид ва дар барномаи иттилоотӣ пахш карда мешавад.
Намоишгоҳи расмҳо - "Ҷаҳони пластикӣ"
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о ташаббуси Ташкилоти ҷамъятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва дастгирии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд намоишгоҳи расмҳо дар толори «Маркази Амрикоии шаҳри Хуҷанд» баргузор гардид. Намоишгоҳи мазкур дар натиҷаи ҳамкории семоҳаи сарраёсат, ташкилоти ҷамъиятӣ ва аксбардор Ҳошимов Ш. ба амал омада, дараҷаи афзоиши ифлосшавии муҳити зист бо партовҳои пластикӣ, инчунин сатҳи нокифояи огоҳии аҳолӣ дар робита ба ин мушкилот боиси эҷоди аксҳо ва баргузории худи намоишгоҳ гардидааст. Аз ҷониби ташкилкунандагони намоишгоҳ ва аксбардор кӯшиш карда шуд, ки тавассути камераи аксбардорӣ таъсири зараровари миқдори зиёди партовҳои пластикӣ ба ҳаёти инсон ва муҳити зист инъикос ёбад. Боиси қайд аст, ки Ҳошимов Шавкат хатмкунандаи барномаи магистр дар соҳаи аксбардории касбии Институти тарроҳии Аврупо (Мадрид, Испания), финалисти дукаратаи ниҳоии озмуни аксҳои HIPA Award (Дубай, АМА), ғолиби озмуни 4-уми байналмилалии аксҳои «Модар ва кӯдакон дар либоси миллӣ» (Маскав, Федератсияи Русия) мебошад. Дар соли 2024 ташкили чунин намоишгоҳ бо зиёд ва васеъ намудани аксҳои намоишӣ дар пойтахти ҷумҳуриамон, шаҳри Душанбе дар нақшаи ҳамкории сарраёсат ва ташкилоти ҷамъиятӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар шаҳри Конибодом амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
К
ормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбору иттилооти сарраёсат бо мақсади пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера ва камнамудани ихроҷи моддаҳои зараровар аз нақлиёт дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мунтазам амалиёти «Ҳавоитоза»-ро баргузор менамоянд. Тибқи нақшаи корӣ, бо иштироки нозирони давлатии бахши ҳифзи муҳити зист дар кӯчаи марказии шаҳри Конибодом амалиёти мазкур доир гардида, дар рафти он 35 адад нақлиётҳои сабукрави тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд. Ҳангоми санҷиш миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардида, барои ихроҷи барзиёд ва вайрон намудани меъёри стандартҳои давлатии амалкунанда, нисбати 4 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Протоколҳои тартибёфта барои чораандешии минбаъда ба шуъбаи БДА-и шаҳр ирсол гардид.


