Все статьи

27 Декабрь 2021

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Гулистон

  Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ,  ниҳолшинонию кабудизоркунии муҳити атроф дар шаҳри  Гулистон бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва корхонаи воҳиди фаръии манзилию-коммуналӣ дар гардишгоҳи осоишгоҳи  ҶДММ «Баҳористон» 60 адад ниҳолҳои дарахти сановбар шинонида шуд. Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ дар дигар минтақаҳои шаҳр низ  оғоз гардидааст.

Читать далее

Аксияи «Тозагии роҳ»дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  Бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ ва тозагии муҳити атроф дар роҳи протоколии шоҳроҳи Хуҷанд – Ашт – Б.Ғафуров  аксияи «Тозагии роҳ» бо иштироки 90 нафар аҳолии ҷамоат доир гардид. Бино ба маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷараёни аксия қади роҳҳо аз партовҳо тоза карда шуда, 3,5 м3 партов ба партовгоҳи расмии ноҳия бароварда шуд. Маҳз бо ҷалби васеи кормандони соҳаҳо ва иштироки фаъолонаи сокинони ҷамоату маҳаллаҳо аксияву шанбегиҳо доир мегардад, ки барои тозаву обод намудани муҳити атроф ва беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ мусоидат менамояд.

Читать далее

21 Декабрь 2021

Тамошои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят

  Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муташаккилона роҳандозӣ гардид. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист Паёми имсоларо, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифт, якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Паёми Пешвои миллат дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва барои дар амал татбиқ намудани он барои таъмини зиндагии босаодати мардуми кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Читать далее

20 Декабрь 2021

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Исфара

  Баҳри амалӣ гардидани корҳои ободониву созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунии муҳити атроф дар шаҳри Исфара маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шудааст. Барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар ин маърака фаъолона иштирок намуда, ниҳолҳои дарахтони њамешасабз шинониданд. Боиси қайд аст, ки  дар маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҳисоби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара 250  бех ниҳоли дарахтони санавбар харидорӣ гардида, дар майдони Ғалабаи шаҳр шинонида шудааст.

Читать далее

17 Декабрь 2021

Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ дар ноҳияи Шаҳристон

  Тибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади пешгирӣ намудани фавти ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ аз сардиҳои зимистон ва ҳифз намудани онҳо дар талу теппаҳою доманакӯҳҳо аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳристон якҷоя бо намояндагони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар мавзеи парваришгоҳи Дараи сабзи ноҳия корҳои биотехникӣ гузаронида шудааст. Боиси қайд аст, ки тибқи маълумоти мутахассисон дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди хирс, гург, бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ, харгӯш, кабк ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд. Барои паст намудани таъсири обуҳавои номусоиди фасли зимистон ба олами ҳайвонот дар мавзеи мазкур гандум – 100 кг, ҷав – 50 кг, сабус - 60 кг, картошка - 300 кг, сабзӣ – 150 кг, лаблабу - 100 кг, себ – 100 кг, намак – 20 кг ва бастаи хошок – 40 адад паҳн карда шуд.

Читать далее

Корҳои биотехникӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи ноҳияи Деваштич

  Барои беҳтар намудани вазъи зисти ҳайвоноти ваҳшӣ ва ташкил намудани хӯроки иловагӣ дар ҳолати сард омадани обу ҳаво дар ду мавзеи ноҳияи Деваштич аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва муассисаи давлатии хоҷагииҷангал корҳои биотехникӣ доир гардидааст. Дар мавзеи Шировути ноҳия 200 кг картошка, 200 кг ҷав, 50 кг намак ва 20 банд хошоки дағал пошида шудааст. Дар мавзеи Даҳанасойи ноҳия низ бо иштироки муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо истифодаи 350 кг картошка, 300 кг ҷав, 200 кг шалғам, 60 кг намак ва 25 банд хошоки дағал корҳои биотехникӣ гузаронида шудааст. Дар ҳудуди хоҷагии ҷангали ба номи Ғаниҷон Мӯсоеви ноҳия  тибқи маълумоти баҳисобгирии мутахассисони соҳаи ҷангалпарварӣ як қатор намуди ҳайвоноту паранда, аз он ҷумла кабутар, хуки ёбоӣ, гург, харгуш,  рубоҳ, хирс, бузи куҳӣ, кабк ва дигар ҷонварон ба қайд гирифта шудаанд.

Читать далее

Маъракаи ниҳолшинонӣ ва бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Ҷ.Расулов

   Дар давоми ду рўз дар ноҳияи Ҷ.Расулов корҳои рў ба беҳдошти муҳити зист нигаронида амалӣ  гардид. Ободии кўчаи протоколии марказ – ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳия дар мадди аввали назари кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист буда, бо мақсади обод намудани қадди роҳи нақлиётгард аз ҳисоби бахши ноҳия 60 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи санавбар харидорӣ карда, якҷоя бо 35 нафар сокинони маҳалла шинонида шудааст. Ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти Ғўлакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов бо иштироки беш аз 600 нафар намояндагони ташкилоту идораҳо ва аҳолии маҳаллаҳо аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар натиҷа  2,2 километр ҷўйбор тоза гардида, 18 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шудааст. Баробари ин дар соҳили Исфана – сойи ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ду нуқтаи партовҳои бесоҳиб бо истифодаи техникаи махсус бартараф гардид.Ҳаҷми партовҳои бесоҳиби бартарафгардида, дар маҷмўъ 6 метри мукаабро ташкил дод.

Читать далее

10 Декабрь 2021

Санаи экологӣ, 11 декабр – Рўзи байналмилалии кўҳсор

  Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар ақсои олам пеш аз ҳама чун диёри кӯҳсор мешиносанд. Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба хубӣ медонад ва ифтихор дорад, ки 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳои сарбафалак иборатанд. Табиатдӯстони олам бо қарори 57-умини Ассамблеяи генералии СММ  ҳамасола санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор ҳамчун рӯзи байналмилалии куҳсор ҷашн мегиранд. Азбаски кӯҳҳо 27 фоизи хушкии сайёраамонро ташкил медиҳад  ва қариб  15  фоизи аҳолии кураи арз дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд, СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад. Дар кишвари мо силсилакӯҳҳои баландтарини олам - Помир, Тиёншон ва Олой ба ҳам меоянд. Аз ҳама ганҷҳои бебаҳои табиати куҳҳои сарсафед оби мусаффо буда, қариб 1000 дарёҳои дарозиашон аз 10 километр зиёд, 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон тамоми элементҳои чадвали даврии Менделеевро дарёфт намудаанду хоса дар манотиқи куҳсор ганҷҳои бепоён нуҳуфтаанд. Ҳудуди вилояти Суғд асосан аз кӯҳҳо иборат мебошад.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Мастчоҳ

  Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани вазъи экологӣ, тоза намудани ҷўйбору майдонҳои марказ аз хазону баргҳои хушк дар шаҳраки Бўстони ноҳияи Масчоҳ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шудааст. Дар рафти аксияи мазкур беш аз 400 нафар намояндагони ташкилоту идораҳои шаҳрак, аз ҷумла омўзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуда, як ќатор корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд. Дар маҷмўъ, ба масоҳати  47 ҳазор метри мураббаъ ҳудуд ва ба масофаи 6,6 километр ҷӯйборҳо тоза гардида, ба партовгоҳ 51,4 тонна  партовҳо бароварда шудааст. Баргузории аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳраки Бўстони ноҳияи Масчоҳ тариқи телевизионҳои маҳаллӣ ва марказӣ намоиш дода шуд.

Читать далее

09 Декабрь 2021

Назорати давлатӣ оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ

  Тибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади роҳандозии назорати давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ аз тарафи нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов амалиёти фаврӣ дар минтақаҳои соҳили Сирдарёи ҷамоати деҳоти Деҳмой, аз он ҷумла минтақаи Туқай гузаронида шудааст. Дар рафти амалиёт бо зиёда аз 20 нафар моҳидорони ҳаваскор, ки сокинони ҷамоати деҳоти Деҳмой, Гулхона, Ғўлакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳия мебошанд, корҳои фаҳмондидаҳӣ ва ташвиқотӣ оид ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидоридоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гардид. Ҳангоми амалиёти фаврии мазкур як қонунвайронкунӣ ошкор гардида, нисбати сокини ҷамоати деҳоти Гулхона Ҳурсанбоев Алиҷон протокол бо моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуд. Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ чунин амалиётҳои фаврии назоратӣ гузаронида мешаванд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.