Все статьи

02 Февраль 2021

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ш.Хуҷанд

  Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Иди миллии Сада, гузаронидани корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқ-лолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва тозаву обод намудани муҳити атроф дар кӯчаи «60-солагии Точикистон»-и шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Дар шанбегӣдонишҷӯёни литсейи касбии № 56 ва хонандагони МТМУ №13 ҳамагӣ - 350  нафар иштирок дошта, қадди рох ва рохи пиедагард аз партовхои хархела  тоза карда шуд. Дар натиҷа  3 м3 партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Б.Ғафуров

  Ба истиқболи ҷашни Иди миллии Сада, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шанбегиҳои оммавӣ идома дорад. Дар асоси нақшаи корӣ санаи 31 январи соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ёва, Ғозиён бо иштироки васеи аҳолии ҷамоатҳо, намояндагони соҳаи тандурустӣ ва мактаббачагони МТМУ №№ 31 ва 49 ҳамагӣ – 250 нафар аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Рафти аксия қадди роҳҳо аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, ба партовгоҳи ноҳия 5 м3 партов интиқол дода шуд.

Читать далее

01 Февраль 2021

2 феврал – Рузи умумиҷаҳонии заминҳои обиву ботлоқӣ

 Ҳамасола 2-феврал аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ (WorldWetlandsDay) таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва Ҳукумати кишварҳо ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунад. Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб таҷлил карда мешавад. Соли 1971 дар Эрон Конвенсияи СММ оид ба муҳофизати мавзеъҳои обию ботлоқӣ аз ҷониби 18 кишвар ба имзо расид. Соли 2000 шумораи кишварҳои аъзо ба 119 расид, ки имрӯз бошад 159 кишвар ба узвияти Конвенсияи Ромсар ҳамроҳ гаштаанд. Шумораи мавзеъҳои обию ботлоқие, ки дар таҳти муҳофизат қарор гирифтааст, 1869 адад буда, майдони умумиашон 1836000 (як миллиону ҳашсаду сиву шаш ҳазор) км2-ро ташкил мекунад. Шароитҳои табиии ин мавзеъҳо барои зисти бисёр намуди паррандаҳо, ҳашарот, моҳӣ ва дигар ҳайвонот мувофиқ аст.

Читать далее

Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

  Дар рӯзҳои истироҳат дар ноҳияи Ҷ.Расулов маъракаи васеи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар рафти маърака корҳои ободонию кабудизоркунӣ сокинони ҷамоати деҳоти Гулхона, Ғӯлакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳробод фаъолона иштирок карда, 935 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан ва ҳамешасабз, ба монанди кипариси аризонӣ, ардач, каталпа ва санавбар шинонида шуд. Ғайр аз ин, 14 километр ҷӯйбори обгузар, ки барои таъминоти дарахтон бо об хизмат мекунад аз партовҳо тоза гардид ва дар натиҷа 174 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи марказӣ бароварда шуд. Ҳамзамон, дар қадди роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ 1150 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи санавбар ва 1860 бех ниҳоли дарахти сафедор шинонида шуд. Ҳангоми шинонидани ниҳолҳои мазкур аз ҷониби мутахасиссони соҳаи ҳифзи муҳити зист ҷавобгӯ будани онҳо ба талаботи стандартӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, умуман ба парвариши ниҳоли солим таъкид гардид. Дар маҷмуъ, дар маъракаи ободонию кабудизоркунӣ беш аз 8,7 ҳазор нафар ҳашарчиён иштирок намуданд.

Читать далее

29 Январь 2021

Паём дастури раҳнамо

   Бо мақсади омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаи 29 январи соли равон вохӯрии кормандони мақомот бо намояндагони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Зунунхӯҷаев З. ва Латипов И. доир гардид. Зимни вохӯрӣ намояндаи КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд  қайд намуд, ки имсол Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ 30-юмин солгарди Истиқлолияти кишварамон пешниҳод гардид. Соли сипаригашта руйдодҳои муҳиму таърихӣ таҷлили ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ, чорабиниҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ баргузор гардид.

Читать далее

Иди Сада дар ноҳияи Зафаробод

  Санаи 29 январи соли равон дар боғи Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод ҷашни миллии иди Сада баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулотҳои кишоварзӣ ва ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо ташкил карда шуда, зиёда аз 30 намуд ниҳолу гулҳо ба харидорон пешниҳод карда шуд.Ин ҷашни қадима ва пуршукӯҳи аҷдодӣ қатори дигар ҷашнҳо дар миқёси вилоят идома дорад.

Читать далее

Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Шаҳристон

  Бо иқдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Суғд бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳристон  барои беҳтар намудани вазъи экологӣ ва бо мақсади бе талаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия ва иштироки намояндагони васоити ахбори омма дар мавзеъи Дараи сабз корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Рафти чорабинӣ, барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ ба миқдори 500 кг картошка, 300 кг гандум, 200 кг ҷав, 70 кг намак, 680 кг хошок, 120 кг сабус, 200 кг сабзӣ, 100 кг меваи булут ва 200 кг ҷуворимакка истифода бурда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии роҳ» дар ноҳияи Б.Ғафуров

Ба истиқболи ҷашни Иди Сада, дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шанбегиҳои оммавӣ идома дорад. Дар асоси нақшаи корӣ ва иқдоми шуьбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров оғоз аз гардиши роҳи ноҳияҳои Масчоҳ - Ашт то гардиши осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон бо ҷалби оммаи васеи аҳолӣ, кормандони корхонаву ташкилот, муассисаҳои тиббӣ ва маориф, шуъбаи кор бо ҷавонон – беш аз 600 нафар аксияи «Тозагии роҳ» гузаронида шуд. Дар рафти аксия қадди роҳҳо аз партову алафҳои бегона тоза карда шуда, дар маҷмуъ 8 тн партовҳо бароварда шуд.

Читать далее

28 Январь 2021

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

   Тибқи нақшаи корӣ, бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов ва аъзоёни ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон дар минтақаи баландии “Хитой”, ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.Дар ин мавзеъ, ки ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ сукунат доранд, ба миқдори умумии гандум – 250 кг, ҷав – 50 кг, мошреза – 20 кг пошида шуд. Дар ҳолати сард омадани ҳаво дар дигар минтақаҳои ноҳия гузаронидани корҳои биотехникӣ дар назар аст.

Читать далее

Аёдати маъюбон

   Аёдати маъюбон ва камбизоатон яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳамасола тибқи супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад. Бо ин мақсад дар асоси муроҷиати нафақахӯр – маъюб Раҳимова З., сокини ш.Конибодом, кӯчаи О.Манонов № 118 аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Конибодом оилаи мазкур бо ҳезум дар мавсими зимистонгузаронӣ ва маводҳои хӯрока таъмин карда шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.