Все статьи
05 Февраль 2020
Шанбегии умумишаҳрӣ дар ш.Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани иди умумимиллии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки раиси шаҳри Гулистон, кормандони соҳаи маориф ва тиб, хоҷагии манзилию коммуналӣ, бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар оромгоҳи шаҳр шанбегӣ ва ҳамчунин шинониданиниҳолҳои ҳамешасабз гузаронида шуд. Баргузор намудани чунин чорабинӣаз як тараф сазовор ҷашн гирифтани ҷашнҳои миллӣ ва ҳифзи муҳити зист бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҳисси эҳтиром нисбати гузаштагон ба шумор меравад.
Вохӯрӣ дар Литсеи ноҳияи Ашт
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ байни ҷавонон, ба истиқболи ҷашнҳои дар пешистода, бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар муассисаи давлатии таьлимии Литсеи касбии техникии ноҳияи Ашт вохӯрӣ бо омӯзгорону хонандагон доир гардид. Мудири бахш Усмонов М. доир ба мавзуъҳои таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», ҷойгиронии лампаҳои каммасрафи симобдор, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, иштирок намудани хонандагон дар аксияҳои экологӣ ва дигар масъалаҳои ба ҳифзи муҳити зист вобаста баромад намуд. Баргузории чунин вохуриву семинарҳо дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия дар назар аст.
Корҳои фаҳмонидадиҳӣ баҳри таъмини Қонун
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии ҳифзи захираҳои замин ва муомилот бо партовҳои Раёсат баҳри таъмини Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ҳангоми гузаронидани санҷишҳо ва амалиётҳо мунтазам корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар н.Айнӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ байни кормандон тибқи тартиби муқарраргардида барои гирифтани иҷозат барои бамеъёрдарории истеҳсол, истифодабарӣ, нобудсозӣ ва ҷойгиркунонии партовҳо корҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.
04 Февраль 2020
Маросими муаррифии сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
4 феврали соли 2020 дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон маросими муаррифии сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода С.Н., муовини Раиси вилоят Каримзода Р.Р., и.в.раиси ноҳияи Спитамен Нӯмонзода Т., сардорони шуъбаҳо ва кормандони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Муовини Раиси Кумита зимни муаррифӣ таъкид кард, ки бо пешниҳоди Раиси вилояти Суғд ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Д.Қ. аз 3 феврали соли 2020, № 23 «ҲШ» Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба вазифаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд таъин гардид.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ш.Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар асоси нақшаи корӣ ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт санаи 2 феврали соли равон дар нуқтаи санҷиши техникии ш.Хуҷанд ҳамроҳ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.Дар рафти амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуд.
Ҷаласаи Комиссияи ноҳиявӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ.Расулов комиссияи навбатӣ "Оид ба тартиби ошкор кардани партовҳои бесохиб ва кам кардани хаҷми ҳосилшавии партовҳо" бо иштироки аъзоёни комиссияи ноҳиявӣ ва раисони ҷамоатҳо доир гардид. Дар рафти комиссия таъмини иҷрои қарори раиси ноҳияи Ҷ.Расулов № 523 аз 23 октябри соли 2013 «Дар бораи тасдиқ намудани тартиби муомилот бо партовҳои бесоҳиб» мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт. Котиби комиссия, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов Каримзода Ф. зимни баромади худ кайд намуд, ки бо мақсади ошкор кардани партовҳои бесоҳиб дар қаламрави ноҳия, баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо як қатор корҳо ба иҷро расонида шуданд. Ҳангоми гузаронидани амалиётҳо дар 6 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 11 адад партови бесоҳиб ошкор карда шуда, барои пурра бартараф намудани онҳо то 10 феврал муҳлат дода шуд.
Вохӯрии судманд баҳри таъмини иҷрои қонунҳо
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар асоси протоколи ҳафтаинаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар маркази бозомӯзии бахши ҳифзи муҳити зист доир ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии корҳои соҳил мустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2018-2022, таъмини риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» бо ронандагони нақлиётҳои калонҳаҷми вохӯрӣ гузаронида шуд. Мудири бахш Ғафуров А. ба ҷамъомадагон мӯҳтавои конунҳои болозикрро фаҳмонида, қайд намуд, ки истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмули умум бояд тибқи талаботи қонунгузорӣ амалӣ карда шавад. Барои худсарона истихроҷи канданиҳои фоиданок дар қонунгузорӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
31 Январь 2020
Амалиёти фаврӣ дар ноҳияи Айнӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Баҳри таъмини иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» тибқи тартиби муқарраргардида санаи 24.01.2020 сол дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ амалиёт гузаронида шуд. Дар натиҷа ҳолати истихроҷи ғайриқонунии қуми табиӣ аз соҳили Фондарё, наздикии пули Зарафшон-2 аз тарафи ронанда Соатов Ҳоҷимурод, сокини ноҳияи Айнӣ, деҳаи Зоосун ошкор карда шуда, барои риоя накардани талаботҳои қонунгузорӣ нисбати Соатов Ҳ. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Зарари ба табиат расонидашуда ба маблағи 1525,91 сомонӣ ҳисоб ва пешниҳодкарда шуд.
Сохтмони партовгоҳ дар деҳоти Воруи ш.Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо дастгирии ташкилоти ғайритиҷоратии Фонди CESVI «Ҳамкорӣ ва Рушд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ дар ҷамоати деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент амалӣ гардида истодааст. Бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ва фахмонида додани моҳияти талаботҳои экологӣ дар сохтмони партовгоҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Партовгоҳи сохташаванда дар ҷамоати деҳоти Воруии шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, масоҳати он 12000,0 м2 буда он дорои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ №635 аз 08.01.2019 сол аст. Мақсади татбиқи лоиҳаи мазкур ба роҳ мондани ҷамъоварӣ, кашонидан ва ҷойгиркунии партовҳои сахти маишии ҳудудҳои ҷамоати деҳоти Вору буда аз нигоҳи экологӣ муфид арзёбӣ мегардад.
Бартараф намудани партовгоҳи ғайрирасмӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ тариқи ҳашар бо иштироки аҳолии деҳа ва истифодаи 4 адад техника дар ҷамоати Гулакандози ноҳия 2 партовгоҳҳои ғайрирасмӣ бартараф карда шуд. Рафти ҳашар 24 метри мукааб партовхо ба партовгохи марказии ноҳия бароварда шуд.


