Все статьи

18 Апрель 2016

Вохӯрӣ бо донишҷӯён

Бахшида ба 15 апрел – Рӯзи донишҳои экологӣ, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии мутахассисони  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо донишҷӯён ва устодон доир гардид. Дар вохӯрӣ бобати тағъир ёфтани иқлим, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъсири рушди иқтисодиёт ба захираҳои табиӣ ва ифлосшавии муҳити зист, зарурати рушди маърифати экологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор, татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ ва мақсадҳои асосии қабул шудани онҳо баромадҳо шунида шуданд.

Читать далее

Аксияи «Ободонии маҳалли зист»

Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, №178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист аксияи «Ободонии маҳали зист»-ро гузаронида истодааст.

Санаи 9 апрел  дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Шаҳристон, Деваштич, Бӯстон, Зафаробод, Панҷакент, Гулистон, Спитамен ва Ҷ.Расулов бо иштироки зиёда аз 20573  нафар кормандони  ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳо, мактаббачагон аксияи мазкур доир гардид.

Читать далее

Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон!

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма таҳти унвони «Истифодаи энергияҳои барқароршаванда – омили муҳими пешгирии тағйирёбии иқлим» озмун эълон менамояд.

Ба озмун маводҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, пешниҳод бояд намояд. Ба маълумотнома нусхаи мақола, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо диск ва анотатсияи мавод ба шакли чопӣ дар формати А4, шрифти TimesNewRomanTj 14 замима карда мешавад. Нусхаи электронии маводҳо ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">ecolog.sogd@mail.ru  ирсол карда мешавад.

Читать далее

06 Апрель 2016

Ҷаласаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2016

Санаи 5 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – мудири бахши кишоварзии дастгоҳи Раиси вилоят Абдуллоев Ф. баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсат Нӯъмонзода Т. оғоз намуда, ҳозиринро бо  рӯзномаи маҷлис, ки ҷамъбасти фаъолият ва вазифаҳои минбаъда иборат буд, шинос намуд. Бо маърӯзаи ҳисоботӣ сардори Раёсат бобати бурду бохти фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра баҳри пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, манбаъҳои об, замин ва маърифати экологӣ нисбати ҳамин давраи соли сипарӣ натиҷаҳои хубро  муваффақ гардиданд.

Читать далее

05 Апрель 2016

Сайди моҳӣ манъ аст!

Тибқи фармоиши № 32 аз 1.04.2016  сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар асоси моддаҳои 6,9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» моддаҳои 8,32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» ва моддаҳои 4,17 «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидоридоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои обанборҳои вилоят, шароити мусоид фароҳам овардан дар рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ аз санаи 5 апрел то 20 июни соли 2016 сайди моҳӣ дар обанборҳои вилоят аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ манъ карда шудааст.

 Телефони боварӣ: (83422) 6-59-81, 4-03-59

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят

Читать далее

30 Март 2016

Озмун – намоишгоҳи маҳсулоти худсохт аз партови коркарди такрорӣ

Бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон барои ҳифзи муҳити атроф» (YGPE), ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни  илмӣ-техникӣ» ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, санаи 28.03.2016 дар муассисаи таълимии № 5-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров озмун-намоишгоҳи маҳсулоти худсохт аз партови коркарди такрорӣ доир гардид. Дар он зиёда аз 200 нафар хонандагони 8 мактабҳои таҳсилоти умумии ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчӣ-Калъачаи ноҳия  иштирок намуда, беш аз 250 намуди корҳо пешниҳод гардид. Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён ғайр аз пешниҳоди  маҳсулотҳои худсохт, ҳамчунин намоишҳои гуногуни шавқовар, саҳначаҳо дар мавзӯҳои гуногуни иҷтимоӣ баромадҳо намуданд. Бояд қайд намуд, ки баъзе аз мактабҳо оиди муаммоҳои экологии минтақаҳои ҷои зисташон призентатсияҳо пешкаш намуданд.

Читать далее

28 Март 2016

Аксия дар боғи «Дӯстии халқҳо»

Тибқи нақшаи чорабинии якҷояи Раёсат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Хуҷанд санаи 19 марти соли равон дар боғи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳр байни маҳаллаҳои 32 ва 33 аксияи «Ободонии маҳалли зист» бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, хонандагони муассисаҳои таълимии № 8 ва 10, литсеи касбӣ-ҳунарии шаҳр ва кормандони корхонаи ободонӣ гузаронида шуд. Дар рафти аксия қисми поёни боғ аз партовҳо ва санг тоза карда шуда, ҷуйборҳо барқарор карда шуданд. Ба ғайр аз ин қариб 1000 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан, ҳамешасабз ва тут шинонида шуд. Аз тарафи роҳбарияти Раёсат якҷоя бо КВДК “Хуҷандобуканал” масъалаи обёрии дарахтони боғ  ҳалли  худро  ёфт.

Читать далее

12 Март 2016

Конфоронси илмӣ-амалии вилоятии “Об сарвати бебаҳои табиат” бахшида ба 22 март- Рӯзи умумиҷаҳонии об

Санаи 10 марти соли равон ба ифтихори 22 март -  Рӯзи умумиҷаҳонии Об дар КВДК «Кохи матбуот» конфронси илмӣ - амалии вилоятии «Об сарвати бебаҳои табиат» баргузор гардид.

Дар конфронс дотсенти кафедраи маркетинг ва агробизнеси ДДҲБСТ, сармуҳандиси КВДК ХМК дар вилояти Суғд,  муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят, муовини сардухтури Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемологии вилоят, муовини директори КВДК «Хуҷандобуканал»-и ш.Хуҷанд, устодони кафедраи географияи иқтисодии факултаи геоэкологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони дафтари САҲА дар ш.Хуҷанд ва ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», донишҷӯён, намояндагони васоити ахбори умум ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят, дар маҷмӯъ 68 нафар иштирок доштанд.

Читать далее

04 Март 2016

Вохӯрӣ бо донишҷӯён

  Санаи 4 март дар маҷлисгоҳи Раёсат вохӯрии мутахассисони ҷавон, таҷрибаомӯзони факултаи геоэкологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ки дар мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят таҷриба меомӯзанд, бо намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Ӯрунбоева М. ва ҷонишини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид.  Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, фаҳмондадиҳии аҳамияту арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу суббот, тарғибу ташвиқи дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ баргузор намудани корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, шинонидани гулу буттаҳо, иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳо оиди сазовор истиқбол гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Читать далее

03 Март 2016

Бунёди боғи интенсивии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

Санаи 3 марти соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода , муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода, раиси ноҳияи Б.Ғафуров Зариф Вализода, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист  дар майдони  1 га  боғи  интенсивӣ  бунёд  намуданд.

Ин тадбир дар асоси талаботи барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020, дар пайравии иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивӣ дар ноҳияи Хисору Хуросон рӯи кор омадааст.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.