Все статьи
08 Июль 2024
Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи якуми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Л., сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С., сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Л. ва сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Холзода С. аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш намуда, оид ба дастовардҳои ноилгардидаи мақомот дар давраи ҳисоботӣ, аз он ҷумла бо иқдоми мақомот сохтани партовгоҳҳои муваққатӣ, насби баннерҳои экологӣ дар шоҳроҳҳо ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо, масъалаи муомилот бо партов ва ҳолати кунунии партовгоҳҳо, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дода шуд.
Бартараф намудани партовҳои қадди роҳи ҷамоати шаҳраки ноҳияи Зафаробод
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар маҳаллаи Ҷ.Зарипови ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод бо иштироки беш аз 80 нафар ҷавонон ва сокинони маҳалла, аз ҷумла аъзоёни раванди «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимӣ бо мақсади тоза намудани қадди роҳ аз партовҳо аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Аксияи мазкур бо дархости раиси ноҳия аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ташкил гардида, инчунин кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Зафаробод, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ва намояндаи идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд иштирок намуданд.
26 Июнь 2024
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Ҳанӯз 27 сол муқаддам санаи 27 июни соли 1997 бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди тоҷик аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашта тавонист. Дар таърихи навини давлатдориамон маҳз расидан ба ваҳдати миллӣ ба таҳкими давлатдории миллӣ, баланд шудани эътибори байналмилалии давлатамон, хештаншиносии мардуми тоҷик ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ мусоидат намуд. Бо эҳтироми хоса ва ифтихори бузург ҳамаи онҳое, ки дар муҳофизати табиати диёр ва беҳдошти муҳити зист саҳмгузоранд, бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки эҳсоси баланди ватандориву хештаншиносӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз муқаддасиву пойдории Ваҳдати доимии халқи азизамон ҷовидона ва оламгир бошад. Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!
14 Июнь 2024
Бартараф намудани партови бесоҳиб
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
А
з тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 626 “Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми партовҳо, мукаммал намудани механизми баҳисобгирии партовҳо” таҳти назорати доимӣ қарор дорад.Бо ин мақсад бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан, ҷиҳати тоза нигоҳ доштани шафати роҳҳо аз партовҳо дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан дар се минтақа тақрибан 12 м3 партовҳои бесоҳиб пурра бартараф карда шуд.
13 Июнь 2024
Ба таваҷҷӯҳи кормандони воситаҳои ахбори омма, коршиносон!
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 баён гардид, омодагӣ ба ҷашни сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзӯи «Ҳадафҳо ва дурнамо: Роҳ ба сӯи ояндаи сабз, баҳри таъмини амнияти экологӣ» озмун эълон менамояд. Ба озмун маводҳо (дар бахши телевизион, радио ва рӯзнома) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, бояд пешниҳод намояд.
Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар шаҳри Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон, ташвиқу тарғиби масъалаҳои экологӣ ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Маркази бозомӯзии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент бо омӯзгорони фанни экология ва хонандагони фаъоли муассисаи таълимии миёнаи умумии № 3 вохӯрӣ - семинар гузаронида шуд. Хонандагон ва омӯзгорон, кормандони бахш вобаста ба муаммоҳои ҳифзи муҳити зист, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ, иштироки фаъолонаи хонандагон дар аксия ва озмунҳои экологӣ баромад намуданд. Дар интиҳо барои ҳамкории доимӣ ва иштироки фаъолона дар аксияҳои экологӣ ба омӯзгорон ва хонандагони фаъол сипосномаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент супорида шуд.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Спитамен
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
аҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ, тозаву обод намудани муҳити атроф дар ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Саидқалъа партови бесоҳиб бартараф карда шуд. Дар натиҷа партов ба миқдори 7,5 м3 ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Насби қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар ноҳияи Спитамен
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади таъмин ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ байни аҳолӣ дар маркази ноҳияи Спитамен ва шоҳроҳи Хуҷанд - Чаноқ зиёда аз 20 адад қуттиҳои махсус барои ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ насб карда шуд. Ҳамчунин аз тарафи КДФ ХМК-и ноҳия зиёда аз 12 адад қуттиҳо барои ҷамъоварии партовҳо таъмир карда шуд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби масъалаҳои экологӣ, 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд.
Беҳдошти муҳити зист - ояндаи солимии ҷомеа
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
ахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист бо иштироки муовини аввали раиси ноҳия Раҳматзода С. дар бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Айнӣ вохӯрӣ гузаронида шуд. Зимни суханони табрикотӣ муовини раиси ноҳия қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои экологӣ пайвастадар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати тағирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза талош варзида, пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрўву нуфузи баландро соҳиб гардидааст. Сипас барои тарғиби маърифати экологии аҳолӣ, пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ба кормандони бахш сипосномаи раиси ноҳия тақдим карда шуд.
Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар ноҳияи Зафаробод
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Зафаробод дар Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии идона бо иштироки муовини раиси ноҳия Умарзода Р.,намояндагони шуъбаи маориф, хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир гардид. Зимни баромади иштирокчиён доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон, иштирок ва саҳми хонандагон дар ҳалли масъалаҳои экологӣ қайд гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ барои иштироки фаъол дар беҳдошти муҳити зист ба муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ сипоснома ва туҳфаҳои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия тақдим карда шуд.


