Чӣ хуш аст, ки бо омадани фасли зебои сол – баҳори нозанин ва Наврӯзи ҳуҷастапай Замин аз нав эҳё гашта, ба ҳама мавҷудоти рӯи олам нерӯи тоза мебахшад. Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадимулайём дар оғози фасли зебои сол ба шинонидани дарахту ниҳолҳо, бунёди боғҳо шурӯъ мекарданд. Хушбахтона, баъди ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 90-ум инҷониб бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби ҳамватанонамон пуштибонии ҳамаҷониба пайдо намуд.
Хокпӯш намудани партовгоҳи ш.Бӯстон
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Иди байналмилалии Наврӯз, татбиқи нақша чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Бӯстон корҳои безараргардонӣ ва хокпӯшкунии партовгоҳ амалӣ гардид. Масоҳати умумии партовгоҳ 24,2 га ро ташкил дода, чорабинии мазкур дар асоси моддаи 53 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» роҳандозӣ гардид.
Партовгоҳи ноҳияи Б.Ғафуров хокпӯш гардид.
Тибқи меъёру қоидаҳои амалкунандаи экологӣ, риояи ҳолати санитарӣ-гигиенӣ, бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва ба тартиб даровардани партовгоҳҳо аз ҷониби Корхонаи давлатии коммуналии «Сафо» дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров корҳои безараргардонӣ ва хокпӯшкунии партовҳо амалӣ гардид. Масоҳати умумии партовгоҳ 1,5 га-ро ташкил дода, чорабинии мазкур дар асоси моддаи 53 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» роҳандозӣ гардид.
Насби шиору овезаҳо дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии об
Бахшида ба 22 – март Рӯзи байналмилалииобва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, дар ҳамкории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд боТашкилоти байналхалқии «Лоиҳаи миллии идоракунии захирахои обӣ» (giz) дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд шиорҳои иттилоотӣ насб карда шуданд.