Дар мактаби № 4-и ш.Истиқлол бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва хонандагони мактаб вохӯрӣ бо иштироки намояндаи бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол ва намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят доир гардид. Рафти вохӯрӣ намояндаи бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол оид ба баланд бардоштани маърифати экологӣ, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист баромад намуд. Намояндаи Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд оид ба фаъолияти кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, гузаронидани корҳои садамавӣ наҷотдиҳӣ ва дигар мавзуҳои ба соҳа алоқаманд суханронӣ намуд.
Амалиётҳои фаврӣ дар н.Айнӣ
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти н.Айнӣ дар деҳаи Хушекат маълум гардид, шаҳрванд Бобоҷонов Ҳақназар корманди нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Нури Дар-Дар» Хушекат ҳангоми фаъолияти корӣ ба тозагии гирду атрофи нуктаи фурӯши сузишворӣ риоя накарда, қуттиҳои пластикӣ ва партовҳоро ба саҳни бино ва ҷуйбори обрави роҳи мошингард партофтааст, ки ин кирдораш бар хилофи талаботи Қонуни ҳифзи муҳити зист мебошад. Нисбати Бобоҷонов Х. дар асоси моддахои 232, 177 протоколи хукуквайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Аксияи «Тозагии роҳ» дар н.Ҷ.Расулов
Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои давлатии дар пешистода, ҷиҳати тозаву обод намудани қадди роҳҳо бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов имрӯз дар қадди роҳи Деҳмой- Б.Ғафуров аксияи " Тозагии роҳ" ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур зиёда аз 140 нафар ҳашарчиён - намояндагони муассисаи давлатии нақлиёти роҳи автомобилӣ, идораи давлатии бехдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия, ҶДММ «Ганҷи ҳилол» ва мактаббачагон иштирок доштанд, ки дар натиҷа 3,4 км қадди роҳ аз партовҳо тоза карда шуд.
Мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хучанд бо овезаҳои калонҳаҷм шаҳрвандонро ба беҳдошти муҳит даъват менамояд
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи Гагарини шаҳр ду адад овезаҳои тарғиботии калонҳаҷм насб гардиданд. Мазмуни ин овезаҳо ба самти беҳдошти иқлим, тоза нигоҳ доштани табиат бо тасвири аксҳо таҳия гардида, ҳамзамон суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи табиат, аз ҷумла: “Мо бояд ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем”, навишта шудааст.