Шанбегии умумишаҳрӣ дар ш.Гулистон

    Бо мақсади сазовор таҷлил намудани иди умумимиллии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки раиси шаҳри Гулистон, кормандони соҳаи маориф ва тиб, хоҷагии манзилию коммуналӣ, бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар оромгоҳи шаҳр шанбегӣ ва ҳамчунин шинониданиниҳолҳои ҳамешасабз гузаронида шуд. Баргузор намудани чунин чорабинӣаз як тараф сазовор ҷашн гирифтани ҷашнҳои миллӣ ва ҳифзи муҳити зист бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҳисси эҳтиром нисбати гузаштагон ба шумор меравад.

Вохӯрӣ дар Литсеи ноҳияи Ашт

     Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ байни ҷавонон, ба истиқболи  ҷашнҳои дар пешистода, бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар муассисаи давлатии таьлимии Литсеи касбии техникии ноҳияи Ашт  вохӯрӣ бо омӯзгорону хонандагон доир гардид.   Мудири бахш Усмонов М. доир ба мавзуъҳои  таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», ҷойгиронии лампаҳои каммасрафи  симобдор, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, иштирок намудани хонандагон дар аксияҳои экологӣ ва дигар масъалаҳои ба ҳифзи муҳити зист вобаста баромад намуд. Баргузории чунин вохуриву семинарҳо дар дигар  муассисаҳои таълимии ноҳия дар назар аст.

Корҳои фаҳмонидадиҳӣ баҳри таъмини Қонун

Аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии ҳифзи захираҳои замин ва муомилот бо партовҳои Раёсат баҳри таъмини Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ҳангоми гузаронидани санҷишҳо ва амалиётҳо  мунтазам корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар н.Айнӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ байни кормандон тибқи тартиби муқарраргардида барои гирифтани иҷозат барои бамеъёрдарории истеҳсол, истифодабарӣ, нобудсозӣ ва ҷойгиркунонии партовҳо корҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

Маросими муаррифии сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

4 феврали соли 2020 дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон  маросими муаррифии  сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода С.Н., муовини Раиси вилоят Каримзода Р.Р., и.в.раиси ноҳияи Спитамен Нӯмонзода Т., сардорони шуъбаҳо ва кормандони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Муовини Раиси Кумита  зимни муаррифӣ таъкид кард, ки бо  пешниҳоди Раиси вилояти Суғд ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Д.Қ. аз 3 феврали соли 2020, № 23 «ҲШ»  Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба вазифаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд таъин гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.