Бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар қадди роҳҳои даромади Боғи таҷдидшавандаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ба маъракаи ниҳолшинонӣ ҳусни оғоз бахшида шуд. Раиси шахр ҳамроҳи кормандони сохторҳои Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии коммуналию манзилии шаҳр дар роҳи даромади Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ аз ҷониби хиёбони Раҳим Ҷалил беш аз 60 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи санавбар шинониданд. Бояд қайд намуд, ки корҳои азими созандагию бунёдкорӣ дар атрофи Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бомаром идома дорад. То имрӯз як қисми пайроҳаҳои атрофи боғ сафолакпӯш гардида, ҷӯйборҳо бо усули мусоир азнавсозӣ шуданд. Шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ дар ин мавзеъ оянда низ идома ёфта, дар моҳҳои наздик ин минтақа ба яке аз ҷойҳои истироҳатию фароғатии шаҳрвандон мубаддал хоҳад шуд.