Санаи 19 январи соли ҷорӣ дар доираи таҳлили ҷашни «Сада» дар назди Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмаркаи фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо гузаронида шуд. Аз тарафи хоҷагиҳои давлатии ниҳолпарварӣ, Муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали вилоят, хоҷагиҳои деҳқонӣ, хоҷагиҳои ниҳолпарварии шахсӣ, соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 200 ҳазор ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо пешниҳод карда шуд. Оиди шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳои бисёрсолаи ҳамешасабз ва ороишию сояафкан вобаста ба шароити маҳал барои ободонии кўчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, шаҳрак ва деҳот, номгўи ниҳолҳои ба талабот мувофиқ таҳия гардида, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят пешниҳод карда шуд.
Амалиёти фаврӣ дар обанбори Баҳри тоҷик
Тибқи нақшаи корӣ, баҳри иҷроиши фармоиши сардори Раёсат «Оиди гузаронидани амалиётҳои шабонарузӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ» аз ҷониби кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат санаҳои 15-18 январи соли равон дар минтақаи Санҷидзор, Маҳрам ва Ҷаҳонзеби ш.Конибодом амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуда, рафти амалиёт зиёда аз 28 адад (зиёда аз 2 км) тӯрҳои бесоҳиб аз дохили обанбор дарёфт ва сӯзонида шуд.
Амалиёти фаврӣ дар ш.Истаравшан
Бино ба иттилои шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои замин ва муомилот бо партовҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», тибқи нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан аз тарафи ронандаи воситаи нақлиёти Камаз, раками давлатиаш 3615 КА-02 дар қадди роҳи мошингард ҳолати ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо ошкор гардид. Нисбати ронанда Баротов Б.Б.- истиқоматкунандаи деҳаи Чорбоғи ш.Истаравшан протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо дастрасии моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, барои баррасӣ ва чораҷӯии минбаъда ба бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истаравшан фиристода шуд.
Тозагии муҳити зист-кафили солимии аҳолӣ
Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар доираи сазовор истиқбол ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр бо ҷалби кормандони касбу кори гуногун шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Дар ин шанбегӣ гӯшаву канори шаҳр аз ҳамагуна партовҳо тоза карда шуда, ба муҳити атроф ҷилои нав бахшида шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки бо мақсади тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шоиста истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи корӣ ситоди доимӣ ва гурӯҳҳои корӣ фаъолият доранд, ки саҳми онҳо дар татбиқи раванди ободонию созандагӣ, маданияти шаҳрдорӣ, тарғиби маърифати экологӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим муассир аст.