Бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон рузи шанбе санаи 11 январ дар боғи фарҳангӣ фароғатии шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт шанбегӣ гузаронида шуд. Дар он беш аз 400 нафар намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо иштирок намуда, 5 тонна партов бароварда шуд ва 40 бех дарахтони санавбар шинонида шуд.
Амалиёти фаврӣ дар н.Б.Ғафуров
Аз тарафи кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсат ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар н.Б.Ғафуров ошкор гардид, ки Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Чаҳондор» партовобхои хосилшударо (канализация ) ба сойи Хоҷабақирғон партофта, манбаи обро ифлос мекард. Нисбати директори ҶДММ «Ҷаҳондор» протоколи ҳуқуқвайронкунии маъ-мурӣ бо моддаи 177 тартиб дода шуда, барои ҳисоб кардани зарар намунаи об гирифта шуд.
Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Шаҳристон
Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №2/12-05-2279 аз 26 декабри соли 2019, иҷрои нақшаи корӣ, оид ба пешгирӣ намудани фавти ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ ва талаф наёфтани онҳо аз сардиҳои зимистони соли 2020 дар ҳудуди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Шаҳристон, гардишгоҳи №8-и мавзеъи Кемқул-сой аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҳафтаи охир корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин минтақа ба миқдори 100 кг ҷуворимакка, 100 кг резаи гандум, 50 кг лаблабу, 50 кг себ, 150 кг меваи дарахти булут, 340 кг хошоки дағал паҳн карда шуд. Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар дигар минтақаҳои баландкӯҳ пешбинӣ гардидааст.
Фароштурук (парасту) - парандаи соли 2020
Фароштурук парандаи хурди тезпарвоз буда, болҳои тез ва думи дарози қайчимонанд дорад. Дарозии бадани фароштурук 14-19 см, паҳноии болҳояш то 30 сантиметрро ташкил дода, 17-20 грамм вазн дорад. Парандаи васеъ паҳншуда буда, ба ҷуз аз Австралия ва Антарктида, дар ҳамаи қитъаҳои кураи замин вомехӯрад. Ба оилаи фароштурукҳо, қатори гунҷишкон ва гуруҳи парандагони кӯчанда мансуб аст. Зимистонро дар Африқо, Осиёи Ҷанубӣ ва Индонезия паси сар мекунад. Ба Тоҷикистон аввали моҳи март парида меояд. Фароштурук ба муҳити зист мутобиқати зиёд дошта, аз давраҳои қадим дар маҳалҳои аҳолинишин зери бом ва шифти биноҳои истиқоматӣ ва иншооти сохтмонӣ лона мегузорад. Ин паранда байни мардум чун парандаи муқаддас маҳбубияти зиёд дорад. Бо инсон дар ҳамшафат зиста, аз ӯ хайрхоҳӣ меҷӯяд. Аз замонҳои қадим дар байни мардум ақидае ҳаст, ки дар хонае, ки фароштурук лона мегузорад, меҳру муҳаббат, самимият ва хушбахтӣ пойдор аст.