Бо мақсади омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаи 10 январи соли равон вохӯрии кормандони мақомот бо намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Азимов А. доир гардид. Зимни вохӯрӣ намояндаи КИ ХҲДТ дар ш.Хуҷанд оид ба самтҳои асосии Паёми имсола, дастовардҳои соли сипаришуда, нишондиҳандаи асосӣ - буҷаи давлатӣ дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, кам гардидани сатҳи камбизоатӣ, лоиҳа ва грантҳои амалкунанда, тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сухан кард.
Ифтитоҳи бинои шуъбаи милитсияи экологӣ
Санаи 4 январи соли 2020 бо иштироки кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳоии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи бинои нав барои шуъбаи мазкур баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки дар давоми семоҳаи чоруми соли 2019 бо дастгирии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои бекорхобида дар ҳудуди Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, дар маҷмуъ 6 утоқи кории бо лавозимотҳои зарурӣ таҷҳизонида омода карда шуд. Ҳамчунин, ҳангоми ба амал омадани ҳолати муайяни хизматӣ ҷиҳати корбарии шабонарўзӣ барои ҳайати шахсии шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳӣ ҷойи алоҳидаи таҷҳизонидашуда ташкил гардидааст.
Дар чорабинии кушодашавии бино сардори РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майор Назарзода Қ. ва сардори ШВКД дар шаҳри Хучанд иштирок намуда, баъд аз дидан кардани утоқҳои корӣ ва ҳудуди бино оид ба ҳамкории минбаъдаи якҷояи мақомоти ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи милитсияи экологӣ сухан карда шуд.
Ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ - ин гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, ҳамкории доимӣ бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ маҳсуб меёбад. Лозим ба ёдоварист, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар беҳбудии муҳити зист ва баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа нақши муҳим мегузорад. Соли гузашта бо дастгирии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд аксияҳои тозагии муҳити зист ва вохӯриҳо бо насли наврас ташкил ва гузаронида шуд.
Дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд барои саҳми арзанда, ҳамкории тарафайн ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои Оинномавии ҷамъият бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсат дар соли 2019
Санаи 2 январи соли равон дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и ш.Хуҷанд ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Абдураҳмонзода ва муовини Раиси вилоят Р.Каримзода баргузор гардид. Рафти ҷаласа ҳисоботи сардори Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019 шунида шуд. Дар навбати худ муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Абдураҳмонзода аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии Раёсат пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод.
Еще статьи...
- Мониторинги экологӣ дар вилояти Суғд
- Тамошои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят
- Таъсис ёфтани комиссияи вилоятӣ доир ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Аксияи «Тозагии муҳити зист» дар н.Зафаробод