Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 – «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар коллеҷи ғайридавлатии тиббӣ дар ш.Гулистон вохӯрии мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо донишҷӯёни курси 3-юм доир гардид. Дар вохӯрӣ бобати тағъирёбии иқлим, обшавии пирьяхҳо ва ҳифзи онҳо, самаранок истифодабарии захираҳои обӣ, муомилот бо партовҳо, муаррифии минтақаҳои сайёҳии маҳали зист ва бо ин васила баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ баромадҳо шунида шуд. Аз ҷониби донишҷӯён низ фикру ақидаҳо нисбати беҳдошти муҳити зист, вобастагӣ ва таъсири муҳити зист ба саломатии инсон, масъалаҳои ҳалталаби экологӣ баён гардиданд. Баргузории чунин вохӯриҳо бо донишҷӯёни дигар муассисаҳои таълимӣ дар миқёси вилоят ба нақша гирифта шудааст.
Баргузории ҳашари умумӣ дар ноҳияи Зафаробод
Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Зафаробод, бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тозаву обод намудани муҳити зист, санаи 7 декабр амалиёти «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту идораҳо, мактабу омӯзишгоҳҳо фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи ташкилот, идора, мактаб ва ҳудудҳое, ки ба онҳо вобаста карда шуда буданд тоза намуданд. Дар аксияи мазкур 1410 нафар иштирок намуда, ба миқдори 13,6 тн. партовҳо бароварда шуд, 2140 м ҷуйбор ва 10080 метр каналҳо тоза карда шуданд. Ҷойҳои партовҷамъкунии муввақатӣ аз партовҳо тозава таъмир гузаронида шуд.
Корҳои тарғиботӣ дар муассисаҳои таълимии н.Ашт
Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ашт дар асоси нақшаи корӣ, гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар Литсейи № 2-и ҷамоати шаҳраки Шайдон бо хонандагони синфҳои болоӣ оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2011, №97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» машғулияти омӯзишӣ доир намуд. Мутахассиси бахш ба хонандагон дар бораи тартиби истифодабарӣ, ҷамъоварӣ ва супоридани он ба нуқтаҳои қабул, ҳолати таъсиррасонии лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям ба муҳити зист ва саломатии инсон дар ҳолати шикастан, хамчунин дар бораи қоидаҳои нигоҳдорӣ ва интиқоли лампаҳо, ҳамчунин ба партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ҳамроҳ накардани чунин лампаҳои корношоям маълумот дод.
Бахшида ба 5 декабр – Рӯзи умумиҷаҳонии волонтерон. Саҳми волонтерон дар беҳбудии муҳити зист
Санаи 5 декабр бахшида ба Рузи байналмилалии волонтерон бо ташаббуси Ҷамъияти ҲилолиАҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 23 ш.Хуҷанд вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони ҷамъият, волонтерон, сардори шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд, сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, омӯзгорон ва хонандагон иштирок доштанд. Шукурова Дилрабо ҳамоҳангсози лоиҳаи “Ташаббусҳо барои рушди ҷавонон”, ки аз тарафи Салиби Сурхи Итолиё дастгирӣ карда мешавад, бо призентатсия оиди таърихи ташкилёбии ин ҷамъият ва самтҳои фаъолияти волонтерон, махсусан саҳми онҳо дар ташкил ва гузаронидани аксияҳои экологӣ, аз партов тоза намудани соҳили дарё ва гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист баромад намуд. Рафти вохӯрӣ волонтерон ба хонандагон варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.