Тибқи нақшаи кории Раёсат ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон санаи 6 декабри соли равон дар толори Раёсат семинари бозомӯзӣ бо иштироки сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Дар рафти семинарсардорони шуъбаҳо ва мутахассисони соҳа оид ба самтҳои фаъолият, тарзи дуруст таҳия ва пешниҳод намудани ҳисоботи солона, натиҷаи санҷиши Палатаи ҳисоб ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, пардохт намудани маблағ-ҳои қарздорӣ ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда баромад намуданд.
«Тарбияи экологӣ - омили муҳим»
Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи нақшаи кории бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо вохуриву корҳои фаҳмонидадиҳӣ, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас идома дорад. Санаи 3 декабри соли равон бо иштироки мутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 1 соати экологӣ таҳти унвони “Тарбияи экологӣ - омили муҳим” гузаронида шуд. Ба хонандагон дар самти омӯзиши табиати нотакрори диёр, бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ҳифз ва самаранок исти- фодабарии захираҳои обӣ, фаъолона иштирок намудан дар аксияҳои экологӣ ва саҳм гузоштан дар беҳбудии муҳити зист баромад пешкаш гардид.
Татбиқи Барномаи маърифати экологӣ дар муассисаҳои таълимӣ
Дар асоси нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 1 ш.Истиқлол вохурӣ бо муҳассилини синфҳои болоӣ баргузор гардид. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр Ғозиев А. доир ба тарбия ва маърифати экологии наврасон, саҳми хонандагон дар тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист ва иштироки фаъолонаи онҳо дар аксияҳои экологӣ, дар мавзуҳои актуалии имрӯза - тағйирёбии иқлим, нигаҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба муҳити зист вобастагии зич доранд, баромад намуд. Ҳамзамон омӯзгори фанни экологияи муассисаи таълимӣ барои ташкил ва гузаронидани вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри бештар ҷалб намудани насли наврас ба масъалаҳои экологӣ барои ташкили ҳаракати “Патрули сабз” пешниҳод дод.
Натиҷагирии Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ
Санаи 3 декабри соли равон ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2019, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо – раисони комиссия дар маҳал, сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо – котибони комиссияҳои маҳаллӣ ва шахсони масъул аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иштирок доштанд. Дар ҷаласа фаъолияти комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ бобати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2015, №178 «Дар бораи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баррасӣ гардид.