Баргузории соатҳои сиёсӣ бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ дар зерсохторҳои мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ба ҳукми анъана даромадааст. Бо ин мақсад санаи 15 ноябр дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд бахшида ба 27 солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент соати сиёсӣ доир гардид. Сардори шуъба Дусматов А. оид ба таърихи ин санаи муҳим, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардидааст маълумот дод. Хамчунин ёдовар шуд, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Вохӯрӣ бо мактаббачагон дар ноҳияи Б.Ғафуров
Дар асоси нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вохўрӣ бо муҳассилини синфҳои 9-10 муассисаи таълимии миёнаи умумии № 84, ҷамоати деҳоти Хистеварзи н.Б.Ғафуров баргузор гардид. Корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия доир ба тарбия ва маърифати экологии наврасон, саҳми хонандагон дар тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист ва иштироки фаъолонаи онҳо дар аксияҳои экологӣ, муомилот бо партовҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба муҳити зист вобастагии зич доранд, баромад намуд. Дар навбати худ хонандагон ба суолҳои худ оиди ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист, ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ ҷавобҳои муфассал гирифтанд. Дар рафти вохӯрӣ муовини директори муассиса ва омӯзгори фанни экология барои гузаронидани чунин вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории чунин мулоқотҳоро саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Кӯҳистони Масчоҳ
Ба истиқболи сазовори ҷашнҳои миллии дар пешистода, дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо баробари гузаронидани аксияи «Тозагии маҳал» дар ҷамоатҳои деҳоти Лангар ва Иван Тоҷик ва муассисаҳои таълимӣ бо аҳолӣ гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ҷамъомади навбатие, ки бо намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолон, аҳолии ҷамоатҳо гузаронида шуд, оид ба сазовор пешвоз гирифтани идҳои давлатии дар пешистода, роҳ надодан ба буриши ғайриқонунии дарахтон дар фасли зимистон ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Саҳми табиатдӯстон дар тозагиву ободии муҳити атроф
Дирӯз бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф, бахшида ба идҳои миллии дар пеш истода, бо ибтикори ризокорони (волонтерони) ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва дастгирии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд соҳили рости дарёи Сир шафати каҳвахонаи ҳавопаймои Ил-18, ки яке аз мавзеъҳои тамошобоби шаҳри Хуҷанд маҳсуб меёбад, аксияи “Тозагии соҳил” доир гардид. Дар рафти аксия дустдорони табиат ба масофаи 500 метр аз купруки ҷашнӣ ва гирду атрофи ҳавопайморо пурра аз партовҳо тоза намуда, 2 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки ин гуна иқдомҳо аз тарафи ҷамъияти мазкур мунтазам роҳандозӣ мегарданд, ки ин барои баланд бардоштани ҳисси табиатдӯстӣ ва маърифати экологӣ мусоидат менамояд.