Мувофиқи нақшаи кории раёсат дар якҷоягӣ бо БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади назорати давлатӣ ва кам намудани партови моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар давоми моҳи октябри соли равон 2 маротиба амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Гулистон гузаронида шуд. Ҳангоми баргузории амалиёти мазкур санҷиши партовҳои моддаҳои зарарнок аз 71 адад воситаи нақлиёти тамғаашон гуногун гузаронида, дар натиҷа нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти, ки ихроҷи моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намуда, меъёри стандартҳои давлатиро вайрон кардаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамзамон протоколҳои мазкур барои чораандешӣ ба шуъбаи БДА-и шаҳри Гулистон ирсол гардид.
Аксияи "Тозагии маҳал" дар вилояти Суғд
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои пешбинигардида дар давоми моҳи октябри соли равон бахшида ба 1300 рузи меҳнати зарбор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан ва Айнӣ, дар маҷмуъ 3 маротиба аксияи "Тозагии маҳал" баргузор гардид. Дар рафти аксия 5492 нафар иштирок намуда, дар натиҷа як қатор корҳо, аз қабили тоза кардани чўйбор - 19,4 км, тоза намудани қадди роҳҳо - 6,8 км, тоза намудани соҳилҳои обӣ - 2,9 км, тоза намудани заҳбур ва канал - 5 км, баровардани партов - 64,2 метри мукааб ба сомон расонида шуд.
Мониторинги экологии ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд
Шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тибқи иҷрои нақшаи корӣ оид ба гузаронидани мониторинги сифати ҳавои атмосфера, об, хок ва ченкунии гамма-афканишоти ноҳияҳои наздисарҳадиро доир намуд. Санҷиши вазъи ҳаво дар нуқтаҳои мухталифи ҳудуди санитарӣ - муҳофизатӣ то хати сарҳад дар масофаи аз 500 метр то 2 км дур амалӣ гардид. Ҳамзамон ҳолати ҳавои атмосфера ва дараҷаи радиатсияро дар ҳудуди ноҳияҳо санҷида, тағйирёбии тамоюли таъсир ба ҳавои атмосфера ва манбаҳои обии минтақаҳо муайян карда шуд. Дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмон, мавзеъи Янги – Қўрғон дар масофаи аз 0,5 км – 2 км намунаҳои таркиби ҳавои атмосфера, об ва хок гирифта, ташхис гузаронида шуд. Зимни мушоҳида ва ченкуниҳои инструменталӣ дар 2 мавзеъ бо гирифтани 10 намунаҳои партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера амалӣ гардид. Натиҷаҳои ченкунии ҳавои атмосфера нишон дод, ки нишондиҳандаҳо мутобиқи меъёр аст. Мониторинги ҳавзаи дарёи Сир ҳар моҳ аз рўи 24 ҷузъиёт бо гирифтани 12 намунаҳои об аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Ашт, Хуҷанд, Спитамен ва Гулистон ташхис гузаронида мешавад.
Санҷиши татбиқи Барнома дар ноҳияи Деваштич
Дар асоси нақшаи кории раёсат барои нимсолаи дуюм ва нақшаи кории МИҲД вилоят барои моҳи октябри соли равон санаи 29.10.2019 санҷиши рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228 «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», аз он ҷумла фаъолияти комиссияи маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва ҳамзамон рафти ичрои қарори Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 оид ба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобастагардида, гузаронида шуд. Маводи дахлдор дар сохторҳои МИҲД шаҳр, аз ҷумла шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, шуъбаи маориф, кор бо занон ва оила, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахши ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, комиссияи оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдак, рўзномаи маҳаллии «Набзи Деваштич», ҷамоати деҳоти Ғазантарак, Яхтан, Муҷун ва ҷамоати шаҳраки Ғончӣ дар ҳузури роҳбарон ё шахсони мутасаддӣ мавриди санҷиш қарор гирифт.