Дар соли равон рўзномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд «Согдийская правда» ҷашни 85-солагиро қайд менамояд. Дар давоми 20 соли охир ҳамкории байни мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ва рўзномаи мазкур зич роҳандозӣ гардида, барои иттилоотонидани мардуми вилоят ва баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон саҳми арзанда дорад. Ҳангоми ҳамкории судманд дар ин давра якҷоя бо редаксияи рўзнома ва дигар ташкилоти ғайридавлатӣ озмунҳо байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, озмунҳои экожурналистика, аксияҳои гуногун ва дигар чорабиниҳои экологӣ баргузор гардида буд. Дар айни замон низ маводҳои экологӣ ва мақолаҳои ҷиҳати баланд бардоштани донишу тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ ба чоп расонида мешаванд.
Намоиши «Тирамоҳи заррин» дар ноҳияи Зафаробод
Санаи 11 октябри соли 2019 аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод дар МТМУ-22 ноҳиябо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияҳо намоиши «Тирамоҳи заррин»баргузор гардид. Дар намоиши мазкур зиёда аз 14 адад муассисаҳои таълимӣ ва беш аз 160 хонандагон иштирок намуданд. Дар чорабинӣ аз ҷониби хонандагони мактабҳо баромад дар мавзўъҳои гуногуни экологӣ ба амал омада, ҳамзамон саҳначаҳо доир ба ҳифзи муҳити зист намоиш дода шуд. Дар рафти намоиш бахшида ба соҳаи ҳифзи табиат саволу ҷавоб ва баҳри болида гардонидани иштирокчиён барномаи консертӣ пешкаши онҳо гардид.
Вохўрӣ бо маорифчиёни шаҳри Исфара
Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар толори Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара вохўрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо намояндагони соҳаи маориф, бахусус омўзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, инчунин донишҷўёни Донишгоҳи мазкур баргузор гардид. Дар он намояндагони раёсати маорифи шаҳр ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара иштирок доштанд. Дар рафти вохўрӣ маълумот оид ба Барнома ва соҳаи ҳифзи муҳити зист, ифлосшавии ҳавои атмосфера, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, наврасону ҷавонон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ пешкаши иштирокчиён гардид.
Санҷиши рафти иҷрои Барнома ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар шаҳри Исфара
Дар асоси нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли равон санаи 9.10.2019 рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228 «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», аз он ҷумла фаъолияти комиссияи маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мавриди санҷиш қарор дода шуд. Ҳамзамон, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 2.04.2015, №178 ва Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 оид ба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои МИҲД шаҳр, ки ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобаста гардидаанд, дар ҳузури роҳбарон ё шахсони муттасадӣ санҷида шуд. Бояд қайд намуд, ки корбарӣ дар сохторҳои иҷрокунандагони нақшаи чорабиниҳои барнома, ҳамчунин фаъолияти комиссияи байниидоравии маҳаллӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, дар баъзе самтҳо, бахусус мазмун ва сифати маълумоти ҷамоати шаҳраку деҳот камбудиҳо ҷой доранд.