Нозирони давлатии шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар минтақаи Палоси ноҳияи Б.Ғафуров, соҳили дарёи Сир ҳодисаи даравидани ғайриконунии камишро аз тарафи шаҳрвандон, сокинони ноҳияи Спитамен - Раҳимовҳо Зафар ва Зариф, ошкор намуда, нисбати онхо протоколхои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Протоколҳои тартибдода, барои баррасӣ ва чораҷўӣ ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров ирсол карда шуд.
Назорати сайди саноатии моҳӣ
Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд сайди саноатии моҳиро аз тарафи хоҷагиҳои моҳидор ҶСК «Моҳипарвари Гулистон» ва ҶСК «Моҳии Тоҷик» зери назорати давлатӣ карор дода, мунтазам аз тарафи нозирони шуъба амалиётҳои фаврӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми баргузории амалиёт сайди моҳӣ дар ин коргоҳҳо аз назар гузаронида шуда, санадҳои сайди саноатии моҳӣ тартиб дода мешавад. Ҳамин тавр, санаҳои 5 - 6 октябри соли ҷорӣ аз тарафи нозирони шуъбаи раёсат чунин амалиёт баргузор гардида, сайди саноатии моҳии ин ду ҷамъияти мазкур санҷида шуд. Дарнатиҷа 7 адад санади сайди саноати имоҳӣ ва 3 адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиби худро ёфт.
Амалиёти фаврӣ дар ноҳияи Спитамен
Дар давоми соли равон ҳодисаҳои ғайриқонунӣ гирифтан ва кашонидани қуму шағал дар баъзе ноҳияҳои вилоят ба назар расида, аз тарафи нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар рўзҳои истироҳат амалиётҳои фаврӣ баргузор мегардад. Санаи 6.10.2019 дар ноҳияи Спитамен амалиёти фаврӣ оид ба кашонидани ғайриқонунии канданиҳои фоиданоки маъмули умум аз ҷониби кормандони раёсат ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия гузаронида шуд.
Дар рафти амалиёт дар ҷамоати деҳоти Тағояк истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов Вайдуллоев Х. ҳангоми бе иҷозати мақомоти дахлдор аз Сойи Оқ-суи ноҳияи Спитамен кашонидани қуми табиӣ боздошт гардид. Дар натиҷа, дар асоси моддаи 238 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахси мазкур протокол тартиб дода, барои андешидани чораҳои бо қонун пешбинигардида, маводҳо ба бахши ноҳияи Спитамен супорида шудааст.
Натиҷаҳои фаъолият ҷамъбаст гардид
Санаи 3.10.2019 дар маркази бозомўзии раёсат дар шаҳри Гулистон бо иштироки мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят С.Акбаров, и.в.сардори раёсат Б.Абдумаликзода, сардорони шуъбаҳо ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи раёсат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нўҳмоҳи соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа як масъала баррасӣ гардид - натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳои минбаъда то ҷамъбасти сол. Ҳангоми пурсиш аз зерсохторҳо таваҷҷўҳи бештар ба масъалаҳои рафти иҷрои "Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019", партовҳои бесоҳиб, қарзи ҳисаҷудокунии 20%-и зерсохторҳо ба кумита ва раёсат, аз он чумла ба бучет, низоми иҷозатдиҳӣ ба объектҳо, ҳолати мелиоративии замин, санҷишҳои нақшавӣ, истихроҷи ғайриқонунии шағал, назорати ҳифзи захираҳои моҳӣ, объектҳои экспертизашавандаи чашнӣ, барқарор намудани хати муҳофизатии ҷангал, иншоотҳои партов обтозакунӣ, назорати сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда, буриши дарахтони бисёрсола, ҳолати партовгоҳҳо, масъалаҳои кадрӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва дигар вазифаҳое, ки бояд ичро мегардид, додашуд.