Дар асоси нақшаи корӣ, бо мақсади шарҳ додани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат соати сиёсӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Темирова Х. И. ва Қурбонова Д. баргузор гардид. Сармутахассис оид ба ҳуқуқи Сарраёсат Султонӣ Д. зимни баромад қайд намуд, ки дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои ҳалталаби дохиливу берунӣ ба масъалаи ҳифзи муҳити зист диққати махсус дода, таъкид намуданд, ки “Бо мақсади истеҳсоли “энергияи сабз”, рушди ”иқтисоди сабз” ва паст кардани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳиит зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд”.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Айнӣ
Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва ороишӣ тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар ноҳияи Айнӣ идома дорад. Бо ин мақсад аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Айни қариб 600 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан ва ороишӣ харидорӣ карда шуда, дар маркази ноҳия, ҷамоату деҳот ва шафати роҳҳо бо иштироки васеи аҳолии ҷамоатҳо ва сохторҳои масъул шинонида шуд.
Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ашт
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар миқёси вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад. Бо мақсади кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ашт якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, иштироки фаъолонаи кормандони ташкилоту идораҳо дар канори шоҳроҳи Қаҳрамон -Шайдон зиёда аз 2500 адад дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд. Бо истифода аз вазъи мусоиди обу ҳаво дар дигар минтақаҳо низ маъракаи ниҳолшинонӣ идома меёбад.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Гулистон
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ бомаром ҷараён дорад. Бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, кормандони КВД "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр", омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр дар назди даромадгоҳи шаҳр, боғу гулгаштҳои шаҳр 152 бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд. Интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусиятҳои зебоибахшиашон ба шаҳр ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ ба эътибор гирифта шуд. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.