Санаи 11 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Назарзода маҷлиси назоратӣ доир гардид. Дар маҷлис муовини сардори Раёсат Абдумаликзода Б., сардорони шуъбаҳои Раёсат ва сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Дар маҷлис рафти иҷрои қарори ҷаласаи мушовараи Кумита аз 6 июли соли 2019, № 8 «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019» мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифт.
Маҷлиси машваратӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд 10 сентябри соли равон маҷлиси машваратӣ бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва сармутахассисон баргузор гардид. Муовини сардори Раёсат Абдума-ликзода Б. дар рафти маҷлис протоколи №2 маҷлиси назоратии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 4 сентябри соли равон мавриди баррасӣ қарор дод. Бо протоколи мазкур ҳозиринро шинос намуда, қайд кард, ки аз 24 банди қарори ҷаласаи Мушовара аз 6.07.2019 бандҳои 4,13,18,20 иҷро нагардидаанд. Ба шуъбаву бахшҳо супорида шуд, ки оид ба иҷрои бандҳои қарори Мушовара ва қарори протоколи № 2 аз 4.09.19 чораҳои мушаххас андешида шуда, дар мӯҳлатҳои муайяншуда маълумоти муфассал то 25 сентябр ба Кумита пешниҳод карда шавад.
Истиқлолият дастоварди пурарзиши миллат!
Ба истиқболи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фаҳмонидани моҳияти Истиқлолияти давлатӣ бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов маҷлиси идона доир намуд. Мудири бахш Фарҳод Каримзода арзишҳои волои Истиқлолият, арҷгузорӣ намудан ба рамзҳои давлатӣ, нақши арзандаи Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, татбиқи чаҳор ҳадафи стратегиро таъкид намуд.
Ҳамчунин қайд намуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо аз тарафи бахш ҳамчоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор корҳои ободониву хуррамгардонӣ, аксияхои экологи ба ҷалби васеи аҳоли ташкил ва гузаронида шуд, ки барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Истиқлолият поянда бод!
Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд соати симёсӣ доир гардид. Сардори шуъба Дўсматов А. оид ба таърихи Истиқлолияти давлатӣ баромад намуда, зикр кард, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки 28 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.