Тибқи барқияи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 15.07.2019, № 16/10-33, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 28 –солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Сардори Раёсат Нӯмонзода Т. бо сухани ифтитоҳӣ ҳамаи кормандонро бо фарорасии ин санаи муҳими таърихӣ самимона муборак намуд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашанавда ва комилҳуқуқӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи сиёсати муваффақонаи хориҷии худ бо аксари кишварҳои олам робитаҳои дипломатиро ба роҳ монд, ки ин равобит ба манфиати мардуми мамлакат самараҳои нек ба бор овард.