Ба истиқболи шоистаи ҷашни 28 солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт корҳои созандагиву бунёдкорӣ авҷи тоза гирифта истодааст. Бо ин мақсад санаи 29 августи соли равон дар ҷамоатҳо бо иштироки аҳолии чамоатҳо, кормандони идораву ташкилотҳо аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар рафти аксия канори роҳи марказӣ ба масофаи 2 км, ҷуйборҳо ва гирду атрофи идораву ташкилотҳо аз партовҳои истеъмолӣ ва алафхои хушкшуда тоза карда шуда 0,6 м3 партовҳо бароварда шуданд. Баргузории аксия дар ҳудуди ноҳия то 4 сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Амалиётҳои санҷишӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ
Аз ҷониби нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади ба танзим даровардани рафти сайди саноатии моҳӣ дар обанбори «Баҳри тоҷик» дар ҶСК «Моҳипарвари Гулистон» ва «Моҳии точик» санҷиш гузаронида шуд. Дар натиҷаи санҷиш санадҳои сайди саноатии моҳӣ 11 адад тартиб дода шуда, барои оянда ҳифзу самаранок истифодабарии захираҳои моҳии обанбори Баҳри тоҷик тавсия ва пешниҳодҳо дода шуд.
Амалиёти навбатӣ дар самти олами наботот
Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои протоколии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.07.2019сол «Оиди пурзур намудани назорати давлати дар самтхои хифзу истифодаи самараноки захирахои табии наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ ва баланд бардоштани нишондодҳои соҳавӣ», иҷроиши фармоиши сардори раёсат тахти №17 аз 04.03.2019 с. «Оиди гузаронидани амалиётҳои фаврии шабонарузӣ» мунтазам амалиёти назорати гузаронида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани амалиёти навбати дар шоҳроҳи Хуҷанд - Конибодом ҷамоати деҳоти Патар шаҳрванд Неъматов Ғ. боздошт карда шуд, ки бе иҷозатномаи МДХҶ бо даравидани қамиш машғул шудааст.
Амалиёти “Ҳавои тоза”
Ба истиқболи 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар асоси нақшаи корӣ мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҳамҷоя бо кормандони БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд амалиёти «Ҳавои тоза» дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров гузарониданд. Дар рафти амалиёт 67 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид.