Санаи 10.07.2019 дар Маркази таълимии Бонки Миллӣ дар шаҳри Гулистон ҷаласаи даҳуми Муколамаи ҳавзавии дарёи Сир оид ба Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сир доир гардид.
Дар он кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсат иштирок ва баромад намуданд. Дар ҷаласаи гурўҳи корӣ масъалаҳои марбут ба ислоҳоти соҳаи об, барномаи идоракунии ҳавзавӣ, иштироки шарикони рушд дар барномаи идоракунии ҳавзавӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Боиси қайд аст, ки чорабинии мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, №791 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» ва дар доираи татбиқи Лоиҳаи Идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.