Баҳри иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.02.2019, № 10 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил» ва дар доираи 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои басо муҳиму наҷиб ба сомон расонида шуда истодааст ва идома дорад. Бо ин мақсад дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист, бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарё бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар он кормандони шуъба, бахши кор бо ҷавонон, сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр, кормандони Маркази дилшиносии вилоят ҳамагӣ 220 нафар иштирок доштанд.
Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
Бо мақсади иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории мусобиқаи «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» ва мувофиқи талаботи низомнома ва нақшаи чорабиниҳо дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғдмусобиқа байни кормандон баргузор гардид. Дар мусобиқа мутахассисони шуъбаҳои Раёсат 22 нафар иштирок дошта, дар даври финалӣ Бақоев Музаффар ғолиби мусобиқа дониста шуд. Дар интиҳои мусобиқа барои гирифтани ҷои 1 ба Бақоев Музаффар, ҷойи дуюм ба Каримов Гафурҷон ва ҷои сеюм ба Қодирова Парвина диплом ва тӯҳфаҳои сардори Раёсат супорида шуд. Дархостномаи ғолиби мусобиқа барои иштирок дар марҳилаи дуюм ба Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пешниҳод карда мешавад.
Вохӯрӣ бо маорифчиёни ш.Панҷакент
Санаи 19 июни соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, баҳри татбиқи нақшаи чорабиниҳои "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" дар толори МТМУ № 71 шаҳри Панҷакент вохӯрии сармутахассиси раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Саидов Х. бо намояндагони соҳаи маориф, бахусус омўзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор гардид. Дар он намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент иштирок доштанд. Аз тарафи намояндаи раёсат оид ба нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, наврасону ҷавонон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуд.
Конфронси “Об омили асосии рушди устувор”
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2017, № 487 “Дар бораи омодагӣ ва амалигардонии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Об омили асосии рушди устувор” баргузор гардид.
Дар он сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумитаи ҳифзи муҳити муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш., сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумита Шукуров И., сардори маркази ахбори экологии Кумита Тиллоева Г., устодону олимони муассисаҳои таълимии олӣ, намояндагони корхонаву муассисаҳо, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист, кормандони васоити ахбори омма ва алоыамандони соҳа иштирок доштанд.