Санаи 10.05.2019, дар маркази бозомўзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон маҷлиси машваратии назди сардор бо иштироки муовин, сардорони шуъба ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Мувофиқи нақша дар маҷлис баррасии 3 масъала пешбинӣ гардида, дида баромада шуд: 1) оид ба масъалаи пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия; 2) натиҷабардорӣ аз фаъолияти раёсат дар чор моҳ ва вазифаҳо то ҷамъбасти фаъолият дар 6 моҳи аввали соли равон; 3) омодагӣ ба 5 июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва масъалаҳои ҷорӣ.
Нисбати масъалаи якум ҳуқуқшиноси раёсат сухан намуда қайд кард, ки пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия яке аз масъалаи асосӣ буда, бояд дар мадди аввали фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист қарор гирад. Кормандони раёсат ва зерсохторҳо мансуб ба хизматчиёни давлатӣ мебошанд ва ин мақом вазифадор менамояд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро қатъиян риоя ва иҷро карда шавад.