Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсат бо ҳамроҳии шуъбаи таҳлилии Раёсат ва намояндагони идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 70 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар амал
Санаи 1 майи соли равон дар толори раёсат маҷлиси машваратӣ бо иштироки муовини сардор ва сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои раёсат, роҳбарон ва намояндагони КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳру ноҳияҳои вилоят, КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони масъули соња баргузор гардид. Мувофиқи рӯзнома ду масъала - оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии партовгоҳҳо ва қарзҳои пардохти ҳатмии экологии коргоҳҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ баррасӣ карда шуд. Дар рафти маҷлис аз ҷониби намояндагони КДФ «ХМК»-и шаҳру ноҳияҳо таклиф пешниҳод гардид, ки оид ба мунтазам гузаронидани семинар - машваратҳо дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи ҳифзи муҳити зист, корҳои амалиётӣ ва фаҳмондадиҳӣ моҳе як маротиба, дар якҷоягӣ гузаронидани рейдҳо оид ба инвентаризатсияи шартномаҳои байни КДФ «ХМК» ва субъектҳои хоҷагидор ба нақша гирифта шавад.
Вохўрӣ дар шаҳри Истиқлол
Мувофиқи нақшаи пешбинигардида, санаи 24.04.2019 дар толори МИҲД шаҳри Истиқлол баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вохўрӣ бо намояндагони соҳаи маориф, кормандони корхонаву муассисаҳои дахлдор, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва аъзоёни комиссияи байни идоравии шаҳрӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид. Дар рафти мулоқот намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, доир ба иҷрои мунтазам ва мушаххаси барнома, оид ба нуқтаҳои вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардиданд, ҳамчунин дарбораи зарурияти тарбия ва маърифати экологии кўдакону ҷавонон, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, муомилот бо партовҳо ва чораҷўиҳо барои ҷойгиронии ғайрирасмӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуда шуд.
Семинар бахшида ба Рўзи байналмилалии замин
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мақомоти ваколатдори давлатӣ буда, барои беҳтар намудани ҷузъҳои муҳити табиӣ вазифадор аст ва тасмим гирифтааст, ки баҳри иҷрои талаботи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009–2019» ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва «Дар бораи иттилоотӣ экологӣ» дар соли равон маҷмўъи конфронсҳои илмӣ-амалӣ, семинарҳо, вохўриҳо, сўҳбатҳо ва дигар чорабиниҳоро доир намояд. Мувофиқи нақшаи корӣ санаи 19.04.2019 дар маркази бозомўзии раёсат дар шаҳри Гулистон семинар бахшида ба 22 апрел - Рўзи байналмилалии Замин доир карда шуд. Дар семинар олимону устодон аз кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»,кафедраи маркетинг ва агробизнеси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, намояндагони васоити ахбори умум ва мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист ҳузур доштанд.