Бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо истифода аз боду ҳавои муносиб санаи 8 декабри соли равон шанбегӣ баргузор гардид.
Ҳамагӣ дар ҳашар беш аз 7,4 ҳазор нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Конибодом, Ашт, Ҷ.Расулов, Спитамен, Деваштич ва Б.Ғафуров иштирок намуда, асосан ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз, гулу гулбуттаҳо шинонида шуда, ҳамзамон минтақаҳо аз партовҳо тоза гардид.
Дар натиҷа 40,6 тн партовҳо ба партовгоҳҳои хоҷагиҳои коммуналии маҳаллӣ бароварда, дар маҷмуъ 1,6 хазор бех ниҳоли дарахтони санавбар, ардач, сафедор ва 0,8 ҳазор бех мевадиҳанда, 159,4 ҳазор бех гули садбарг, лола ва карамгул шинонида шуд.
Минбаъд чунин корҳои ободонӣ дар доираи 1300 рўзи меҳнати меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.