Семинари омӯзишӣ дар ш.Хуҷанд

Санаи 26 октябри соли равон бо ташаббуси ташкилоти байналхалқии САҲА  дар  комплекси “Хушбахти” шаҳри Хуҷанд семинари омузишӣ оид ба пешбурди принсипҳои “Иқтисоди сабз” ва энергияи каммасраф баргузор гардид. Дар семинари мазкур намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, саноат ва энергетика, кишоварзӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. 

   Намояндаи Дафтари САҲА Саулюс Смалис  аз мақсад ва ҳадафи баргузории тренинги мазкур иштирокчиёнро шинос намуда, дар рафти чорабинӣ оид ба мафҳумхои умумии “Иқтисоди сабз”, мисолҳои мушахасси мавзуъ, “Иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбута баромад намуд.

Аксияи “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” дар шаҳрҳои Гулистон ва Хуҷанд

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва бахшида ба идҳои миллии дарпешистода  дар мувофиқа бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон дар соҳили дарёи Сир ва обанбори “Баҳри тоҷик”  аксияҳои “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур беш аз 500 нафар, аз он ҷумла омӯзгорон, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 13, сокинони маҳаллаи “Дӯстии халқҳо”, коллеҷи омӯзгории ш.Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров,  МТМУ №№ 1, 14 ва гимназияи № 1- и ш.Гулистон иштирок доштанд.

    Дар натиҷаи аксияҳо кади роҳҳои мошингард, ҷуйборҳо аз алафҳои бегона, дарахтони хушкшуда тоза карда шуда, каналу соҳили обанбор аз партовҳо тоза карда шуданд  ва 14 м3 партовҳо ба партовгоҳҳои  шаҳрӣ бароварда шуданд.

Қадрдонии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят бахшида ба 30 солагии таъсисёбии мақомоти ҳифзи муҳити зист

Дирӯз дар ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нӯҳ моҳи соли равон бахшида ба 30 солагии таъсисёбии мақомоти ҳифзи муҳити зист, дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 31 августи соли 2018, № 111,  як қатор кормандони  Раёсат ва шуъбаву бахшҳои шаҳру ноҳияҳо аз тарафи Раиси Кумита  Хайрулло Ибодзода бо нишони сарисинагии  “Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист” ва “30 солагии таъсисёбии мақомот”  мукофотонида шуданд.

Бо нишони сарисинагии «Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист» сарфароз гардонида шуданд: Самадов Алишер Исҳоқович – сардори шуъбаи экспертизаи экологии Раёсат, Садриддинова Санавбар Яҳёевна - сардори шуъбаи назорати таҳлии Раёсат, Ҳалимов Ибодулло Ҳабибуллоевич - мудири бахши Бӯстон, Сафаров Фарҳод Мирзоевич – сармутахассиси бахши н.Зафаробод.

Ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нуҳ моҳи соли равон

    Санаи 5 октябри соли ҷорӣ дар маркази бозомўзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нуҳмоҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Ибодзода  баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа ҳисоботи сардори Раёсат шунида ва муҳокима гардид. Дар навбати худ Раиси Кумита тамоми кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зистро бо Рӯзи забони тоҷикӣ табрику муборакбод намуд. Аз сардорони шуъбаҳои Раёсат ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳо ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин дар интиҳо, як қатор кормандони Раёсат ва шуъбаву бахшҳои шаҳру ноҳияҳо аз тарафи Раиси Кумита бо нишони сарисинагии “Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист” ва “30 солагии таъсисёбии мақомот”  мукофотонида шуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.