Баланд бардоштани маърифат ва донишҳоиэкологӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист маҳсуб ёфта, амалишавии иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар муассисаҳои таълимӣ мунтазам идома дорад. Бо ин мақсад санаи 1 майи соли равон дар муассисаи таълимии ғайридавлатии гимназияи «Кавсар»–и ш.Хуҷанд вохўрии намояндаи Раёсат бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Пас аз сухани ифтитоҳии директори гимназия намояндаи Раёсат оид ба мақсад ва вазифаҳои қабул гардидани Барномаи мазкур, махсусандарҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ дар амалӣ гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва дигар масъалаҳои вобаста ба тарбияи экологӣ маълумоти мухтасар дод.
Чорабиниҳои ҳифзкунандаи моҳӣ идома дорад.
Бо мақсади амалӣ намудани фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят «Оид ба гузаронидани ҳифзи захираҳои моҳӣ», нозирони шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти навбатӣ ба болооби обанбори Баҳри Тоҷик, ки маҳалли асосии тухмигузории моҳиҳои арзишнок мебошад, рейди навбатӣ гузарониданд. Муайян гардид, ки новобаста аз давраи манъи сайди моҳӣ, баъзе шаҳрвандон ба қуруқшиканӣ роҳ дода, дар ин маҳал аз аслиҳаҳои манъшуда ба монанди тӯрҳои моҳигирӣ мегузоранд. Бо ин рафтори худ, қуруқшиканҳо ба захираи моҳиҳо зарари беҳамто мерасонанд. Моҳиҳои аз қуруқшиканҳо мусодирашударо барои ташхиси ихтиологӣ қарор дода, мутахассисон муайян намуданд, ки айни ҳол намуди моҳиҳо арзишноки обанбори Баҳри Тоҷик як қисми тухми худро гузоштаанд.
Вохӯрӣ бо донишҷӯён дар ДДҲБС Тоҷикистон
Бахшида ба «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ваДаҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаҳои 23-28 апрели соли равон ҳафтаи кафедраи маркетинг ва агробизнес баргузор гардид. Дар доираи ҳафтаи мазкур санаи 25 апрел мизи мудаввар бо иштироки намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар мавзӯи тарбияи экологии ҷавонон бо донишҷӯён ва устодон гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ бобати зарурияти тарбия ва маърифати экологии ҷавонон, татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологии вилоят баромадҳо пешкаши дониш-ҷӯён гардиданд.
Амалиёти “Ҳавои тоза”
Мувофиқи нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва БД РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Истиқлол гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 15 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳри Истиқлол ирсол гардид.