Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур якҷоя бо идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд барномаи навбатии телевизионии дуюми «Муҳит» таҳия ва пахш гардид. Мавзўи навбатии барнома ба њифзи олами наботот, мавсими кабудизоркунї ва ободонї дар микёси вилоят, ќоидањои амалкунанда барои ќонунї ва ѓайриќонунии буриши дарахт, нашри дуюми Китоби Сурхи Љумњурии Тољикистон бахшида шуд.
Семинари бозомӯзӣ
Тибқи нақшаи кории Раёсат ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон санаи 22 феврали соли равон дар толори Раёсат семинари бозомӯзӣ бо иштироки мудирон ва мутахассисони шӯъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Дар рафти семинар мутахассисони соҳа доир ба тартиби ба расмиятдарории парванда аз рӯи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, фаҳмонида додани шаклҳои нави ҳисобот, тартиби ҳисоби дурусти ҷуброни зарари ба олами наботот расонидашуда ҳангоми буриши ғайриқонунии дарахт, тартиби дурусти пешниҳоди маълумот оид ба рафти иҷроиши «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», Дастурамали коргузорӣ ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда баромад намуданд, ки дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад.
Вохурӣ дар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон
Баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистони шаҳри Бустон вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо донишҷӯён ва устодон доир гардид. Дар рафти чорабинӣ оид ба мақсад ва ҳадафҳои қабул гардидани Барномаи мазкур, рафти иҷрои талаботҳои он, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, зарурати рушди маърифати экологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор баромад шунида шуд.
Амалиёти “Ҳифзи ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ” дар вилояти Суғд
Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ аз фасли зимистон, аз ҷумла дар ҳудуди парваришгоҳи «Дараи сабз»-и Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали н.Шаҳристон ва дар ҳудуди парваришгоҳи «Зарафшон»-и Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ш.Панҷакент бо иштироки сардори Раёсат, бахши шаҳри Исфара дар якҷоягӣ бо намояндагони «Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳри Исфара» дар минтақаи «Кӯҳи сиёҳ»-и ш.Исфара, намояндагони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ш.Истаравшан дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Нофароҷ», минтақаҳои кӯҳии деҳаҳои Навобод ва Кунчок, бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳия, намояндагони хоҷагии ҷангал санаҳои 8 ва 9 феврали соли ҷорӣ корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.