Бахшида ба «Соли ҷавонон» ва доир ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Конибодом аз 28 то 30 июни соли равон чорабиниҳои мухталиф ба монанди сӯҳбату мулоқотҳо, аксияҳои экологӣ, тренингҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниҳои мазкур бо иштироки ҷавонони фаъол, кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Раёсати кор бо ҷавонон ва клуби волентерони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Рузи якум дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолҷавонон – донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд мулоқот, боздид аз Осорхонаи миллӣ ва Боғи Камоли Хуҷандӣ, тамошои филми ҳуҷҷатии «Хона» оид ба ҳифзи муҳити зисти сайёра дар «Қасри ҷавонон»-и шаҳри Хуҷанд ва аксияи экологӣ таҳти унвони «Тозагии муҳити зист қарзи шаҳрвандии мост» дар маркази ш.Хуҷанд доир гардид.