Ифтитоҳи бинои нави бахши ноҳияи Ашт

Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба истиқболи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 3 июни  соли равон  ифтитоҳи бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар он  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, кормандони зерсохторҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ иштирок доштанд. Бинои мазкур бо дастгирии бевоситаи Раиси Кумита, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва худи бахши ноҳияи Ашт дар муддати кӯтоҳ сохта шуда, аз ду ошёна, 6 ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад.

Аксияи “Тозагии маҳал”

Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 02.02.2017 сол таҳти №36 «Дар бораи эълон намудани 120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар қаламрави вилоят ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ», бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияи «Тозагии маҳал»-ро гузаронид.

Дар рафти аксия 17231 нафар аҳолӣ иштирок дошта, 34900 м ҷӯйбору латокҳо ,  30006 м2 ҳудуди маҳалхо, 31050 км қадди роҳҳо тоза тоза,  500 м2 биноҳо сафед,  ,  750 м соҳилҳои обӣ, дарё ва сойҳо тоза, 1200 бех дарахтон шинонида,  5000 м каналу заҳбурҳо тоза, 550 адад дарахтон сафед, 1060 м майдонҳо аз алафаҳо тоза, 317,5 м3 партовҳо бароварда ба партовгоҳҳо бароварда шуд.

Ҷамъбасти аксияи «Тозагии соҳил-2017» дар вилояти Суғд

Баҳри амалӣ намудани «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.04.2017 таҳти №41 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2017», Қарори Раиси вилояти Суғд аз 02.02.2017 сол таҳти №36 «Дар бораи эълон намудани 120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар қаламрави вилоят ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ва фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз санаи 10.02.2017 сол таҳти №19 аз санаҳои  22-апрел то 27- майи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят аксияи «Тозагии соҳил-2017»  гузаронида шуд.

Конфронси илмӣ-амалии вилоятии «Замин пайванди инсон ва табиат»

 Санаи 21 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ба ифтихори 22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии Замин ва ба истиқболи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-амалии вилоятии «Замин пайванди инсон ва табиат» баргузор гардид.

Дар конфронс намояндагон аз сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Сарраёсати кишоварзӣ, устодону донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, коршиносону намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори омма ҳузур доштанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.