Дар коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров санаи 24 апрели соли равон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон конфронси илмӣ-амалӣ бо иштироки устодон аз факултаи геоэкологияи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ, намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид. Дар кори конфронс омӯзгорон ва донишҷӯён дар мавзӯъҳои ҳифз ва самаранок истифодабарии об, таъсири фаъолияти одам ба гидросфера, ҳифзи оби тоза – ҳифзи зиндагонист, об ҳамчун неъмати табиат ва роҳҳои пешгирӣ намудани ифлосшавии оби тоза баромадҳо намуданд.
Мизи мудаввар таҳти унвони “Табиати зебо мояи ифтихори одамият аст”
Бахшида ба «Соли 2017 – Соли ҷавонон» , 15 апрел – Рӯзи байналмилалии маърифати экологӣ, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Табиати зебо мояи ифтихори одамият аст” бо донишҷӯён ва устодон доир гардид. Дар рафти чорабинӣ оиди тағъир ёфтани иқлим, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, таъсири рушди иқтисодиёт ба захираҳои табиӣ ва ифлосшавии муҳити зист, зарурати рушди маърифати экологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор, татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ ва мақсадҳои асосии қабул шудани онҳо, масъалаҳои ҳалталаби экологии вилояти Суғд баромадҳо шунида шуданд.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Хуҷанд
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баҳри иҷрои Қарори Раиси вилоят «Дар бораи эълон намудани 120 рӯзи меҳнати зарбдор», бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо ҷалби оммаи васеъ санаи 8 апрели соли равон аксияи «Тозагии соҳил»-ро доир намуд.
Дар аксия донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат, литсейи касби-техникии № 44 ва № 56, коллеҷи омӯзгорӣ ва тиббӣ, кормандони Маркази дилшиносӣ ва ҷарроҳии дил ва беморхонаи физиотерапев-тии ҷумҳуриявӣ, кӯдакистони Президентӣ, сокинони кумитаҳои маҳаллаҳои 1-Май, Сайҳун, Сирдарё ва соҳибкорон ҳамагӣ 2578 нафар иштирок намуда, ду тарафи соҳили дарёи Сир, аз кӯпруки ҷашнӣ то кумитаи маҳаллаи Раззоқ аз партовҳо, алафҳои худрӯйи хушкшуда, тоза карда шуда ба ҳаҷми 38 м3 партовҳо аз тарафи КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳр ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.
Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2017
Санаи 7 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семохаи якуми соли 2017 ва вазифахои минбаъда бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва мудири шуъбаи кишоварзии МИХД вилоят Фирдавс Абдуллозода баргузор гардид. Сардори Раёсат Нӯъмонзода Т. бо маърӯзаи ҳисоботӣ бобати фаъолияти макомоти хифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра баҳри пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, манбаъҳои об, замин,муомилот бо партовҳо ва маърифати экологӣ соли сипарӣ натиҷаҳои хубро муваффақ гардиданд.