Оғози корҳои ободонию кабудизоркунӣ

Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ,  эълон гардидани 120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар ноҳияи Спитамен  аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен ба ҷамоатҳои Тағояк, Куруш, Истиқлол, «Т.Ӯлҷабоев», «Сарбанд» ба миқдори 560 бех ниҳоли дарахти сафедор ва ба кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ба миқдори 100 бех ниҳоли дарахти санавбар харидорӣ ва тақсим карда шуд. Дар назар аст, ки бо мақсади зебо намудани муҳити атроф бо фаро расидани фасли баҳор дар дигар шаҳраку ҷамоатҳо низ корҳои ободонию кабудизоркунӣ гузаронида мешавад.

Баргузории нишасти матбуотӣ

Санаи 24 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати кишоварзии вилоят тибқи ҷадвали баргузории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, нишасти матбуотии якҷояи Раёсати ҳифзи муҳити зист, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ,  Сарраёсати кишоварзӣ ва Кумитаи заминсозӣ доир гардид. Дар он сардори шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ – хадамоти матбуотии Раиси вилоят Юнусов М. ва рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ мухбирони рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», «Ризқофарин», «Маърифати ҳуқуқӣ», «Тирози ҷаҳон», «Тоҷикистон», «Меҳри Замин», «Саломат бошед», телевизионҳои вилояти Суғд, СМ-1 ва Азия, радиоҳои  вилоят, «Садои Хуҷанд», «Пайванд», «Озодӣ», ҳамагӣ 20 нафар  иштирокдоштанд.

Аксияи «Тозагии махал»

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз – 2017 ва 20-солагии Рузи Ваҳдати миллӣ, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ санаи 14 январи соли равон дар «Боғи Ғалабаи» микроноҳияи 18-ум ва Боғи «Дӯстии халқҳо»-и микроноҳияи 32-уми шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар он кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ва зерсохторҳои он аз шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 70 нафар иштирок доштанд. Дар рафти шанбегӣ  0,8 км ҷӯйборҳо тоза карда шуда, 7 тн. партовҳо  ба партовгоҳи шаҳри  Хуҷанд  бароварда  шуд. Раёсат тасмим гирифтааст, ки бахшида ба чорабиниҳои ҷашнӣ  аксияи мазкурро дар давоми сол  доир намояд.

Мизи мудаввар дар мавзӯи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018 -2028)

Дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров санаи 13 январи соли равон мизи мудаввар дар мавзӯи  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018 -2028) баргузор гардид. Дар кори он устодони факултет ва кафедра, магистрантҳо, намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зист ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, донишҷӯёни факултет иштирок доштанд. Ба кори мизи мудаввар  декани факултети геоэкология дотсент Аминов М.Ҳ. оғоз бахшид. Оиди иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат дотсент Собиров М.С. баромад намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.