Ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолияти 9 моҳа

Дар маҷлисгоҳи бахши ш.Панҷакент бо иштироки Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нӯҳ моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар давоми ҷаласа баъд аз ҳисоботи сардори Раёсат  ва баромадҳои сардорони шӯъбаҳою мудирони бахшҳои шаҳру ноҳияҳо аз тарафи Раиси Кумита пурсиш ба амал оварда шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият дастуру супоришҳо дода шуд.  Дар ҷаласа фаъолияти хуби бахшҳои шаҳру ноҳияҳои Ашт, Панҷакент, Айнӣ, Конибодом ва Спитамен қайд  гардид.

Ифтитоҳи бинои нави бахши ш.Панҷакент

Санаи 5 октябри соли равон  ифтитоҳи бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Панҷакент бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, кормандони зерсохторҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ  баргузор гардид.

Бинои мазкур дар муддати нуҳ моҳ дар  майдони 800 м2  сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он аз се ошёна, 8 ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисгоҳ, ки минбаъд ҳамчун маркази бозомӯзӣ фаъолият мебарад ва меҳмонхона дар ошёнаи сеюм иборат мебошад.

4 октябр Рӯзи Умумибашарии ҳайвонот – санаи экологӣ

Рӯзи 4 октябр дар бисёрии давлатҳои дунё – Рӯзи байналхалқии ҳайвонот қайд карда мешавад. Ин санаи таърихии экологӣ буда, аввалин маротиба дар Конгресси байналхалқии тарафдорони ҳаракати ҳифзи табиат, ки дар шаҳри Флоренсияи давлати Итолиё соли 1931 баргузор шуда буд, қарор қабул  карда шудааст. Ин сана беҳуда 4 октябр кабул нашудааст, зеро ин рӯз ҳамчун рӯзи хотираи католики муқаддас Франсиско Ассиск мебошад, ки ӯро ҳамчун сарпарастори олами ҳайвонот маҳсуб мешуморанд. Ба муносибати ин рӯз дар бисёрии масҷидҳои давлатҳои католики башарият хизматрасонӣ карда мешавад. Инчунин бахшида ба ин рӯз дар аксарияти давлатҳои дунё чорабиниҳои гуногуни оммавӣ гузаронида мешавад.

Ин беҳуда нест, зеро дар рӯи замин намудҳои гуногуни ҳайвонот ҳаёт ба сар мебаранд, ки барои инсон аҳамияти калон доранд.

Масоили инъикоси самараноки вазъи муҳити зист ва захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ

Дар осоишгоҳи Баҳористони шаҳри Гулистон бо ибтикори Internewsбарои мураббиён дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Васоити ахбори умум барои инъикоси масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ» аз санаи 29 сентябр то 3 октябри соли равон машваратҳо баргузор гардид. Зимнан дар он мавзӯоти сиёсати байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, журналистикаи мултимедиавӣ усулҳои нави додани иттилоот мавриди баррасӣ   қарор дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.