Табрикоти пиронсолон ва маъюбон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тибқи ҷадвали тасдиқгардида оид ба вобастакунӣ ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаб – интернатҳо, хона – интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаби бачагони ятим ва маъюб, хонаи кӯдакон, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар чорабинии идонаи Муассисаи давлатии «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд» иштирок намуд. Пас аз суханҳои ифтитоҳӣ, аз ҷониби сардори сарраёсат Ғуфронзода А.Ғ. ҳамаи бошандагон ва кормандони марказ бо иди омадаистода табрик гардида, Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми онҳо расонида шуд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки сарраёсат кӯмакрасониро дар муассисаи иҷтимоӣ ба роҳ монда, аз тарафи шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ КМ «Ҷавонӣ», ҳамчун корхонаҳои сарпарасти таъйингардида, барои бошандагони муассисаи давлатии мазкур дастурхони идона ороста шуд.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент

  Тибқи нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент бо ҳамкории кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар митақаии Зарафшон дар хиёбони А.Рӯдакии  шаҳр амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 55 адад нақлиётҳои сабукрави тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба шуъбаи БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Вохӯрӣ бо ронандагон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент

  Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ин пешгирии вайронкунии талаботи қонунгузорӣ дар соҳа ба ҳисоб меравад. Бо мақсади пешгирии вайроншавии талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби сардори шуъба вохӯрӣ бо 25 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашон ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти вохӯрӣ ба иштирокдорон ҷиҳати ҳифз ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, истихроҷи ғайриқонунии канданиҳои фоиданоки маъмули умум, муомилот бо партовҳо, талаботи қонунҳои амалкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба самтҳои мазкур маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Насби қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар шаҳри Хуҷанд

  Баҳри иҷрои дастуру супориши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар ҷойҳои сераҳолӣ, аз он ҷумла дар микроноҳияҳои 3, 18, 28, назди Маркази саломатии № 5, МДТ Донишгоҳи давлатии ш.Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, МДТ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва истгоҳҳо қуттиҳои махсус барои зарфҳои пластикӣ насб карда шуд. Ин иқдом бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист роҳандозӣ гардида, насби чунин зарфҳо дар дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят низ пешбинӣ гардидааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.