Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, санаи хоса барои ҳар кадоми мост, зеро дар оғӯши табиат зиста, нисбати масъалаҳои мубрами он бефарқ будан нашояд. Айни замон масъалаҳои глобалии ҳифзи муҳити зисти сайёра дар мадди назари ҳамагон қарор дорад. Боиси ифтихори мост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлимро омили муҳими таъмин намудани тараққиёти босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ» мешуморанд. Дар миқёси вилоят низ бо ибтикори Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ эълон гардидани «Соли фарди солим» ва тасдиқи Барномаи вилоятии «Соли 2016 - Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» аз тарафи сокинон ҳамовозии зиёд пайдо намудаву дар ин самт ҳамзамон ҷиҳати беҳтар кардани вазъи экологӣ чораҳо андешида мешаванд.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 2 июни соли равон дар толори маҷлисгоҳи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар он мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фирдавс Абдуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Анвар Мақсудов, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Наим Маликисломов, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналхалқӣ, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, кормандони воситаҳои ахбори омма, собиқдорони соҳа ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Семинари омӯзишӣ оиди нигаҳдории қабати озон
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои иҷрои Конвенсияи Вена дар бораи нигаҳдории қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон” аз 2 ноябри соли 2015, № 643, санаи 1 июни соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо иштироки роҳбари Маркази миллии озони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов А. ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар роҳбари Марказ оиди вайроншавии қабати озон ва озони стратосферӣ, ба танзимдарории газҳои озонвайронкунанда, оқибатҳои вайроншавии қабати озон баромадҳо намуда, иштирокчиёнро бо Созишномаҳои байналмилалӣ оид ба нигаҳдории қабати озони замин, ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ва меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти нигаҳдории қабати озони замин шинос намуд.
Ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши н.Айнӣ
Дар арафаи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти н.Айнӣ, ки ҳамчун объекти ҷашнӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, доир гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода, кормандони зерсохторҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ва раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода иброз доштанд, ки дар тамоми гӯшаю канори кишвари маҳбубамон айни замон раванди ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ мехоҳад бо дастовези арзанда ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол гирад. Ифтитоҳи бинои наву хуштарҳ дар ноҳияи Айнӣ дар остонаи Иди Ваҳдат бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, ки аз тарафи ЧДММ «Идораи байнихоҷагии ноҳияи Айнӣ», дар муддати кӯтоҳ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.