Баҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҷиҳати беҳдошти вазъи санитарию экологӣ, пешгирии таъсири зарарноки партовҳо ба саломатии инсон ва муҳити зист бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен бо ҷалби 2 адад техника дар ҷамоати деҳоти Тағояк соҳили сой аз партов тоза карда шуд.Баҳри тозагиву ободии муҳити атроф дар дигар ҷамоату шаҳракҳо низ аксияҳои экологии “Тозагии маҳал ва соҳил” мунтазам ташкил ва гузаронида мешавад.
Сафари аъзоёни фаъоли раванди «Нозирони сабз» ба шаҳри Янгиободи Ҷумҳурии Ўзбекистон
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо мақсади таъмини иҷрои пурраи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» ҳамкории зич ва судмандро бо Ташкилоти ҷамъиятии«Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва Раёсати маорифи вилоят роҳандозӣ намудааст. Бо назардошти амалӣ гардидани лоиҳа ҷиҳати рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон дар 6 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истиқлол ва 4 адад чунин муассисаҳои ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, ҳамагӣ 10 дастаҳои раванди «Нозирони сабз» таъсис ёфта, дар давоми ду соли охир як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ ва амалии экологӣ баргузор гардид. Тибқи нақшаи ҳамкорӣ, санаҳои 6 – 8 октябри соли 2023, 16 нафар аъзоёни фаъоли раванди «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимии болозикр, ҳамчунин намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Раёсати маорифи вилоят, шуъбаҳои маорифи шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Б.Ғафуров, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», дар маҷмуъ 8 нафар бо мақсади иштирок дар лагери экологии сайёр ба шаҳри Янгиободи Ҷумҳурии Ўзбекистон сафар доштанд.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9 моҳаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти 9 моҳа ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш., сардори Сарраёсат Ғуфронзода А.Ғ., сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода А.Ғ. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба натиҷаҳои фаъолият дар ҳама самтҳои соҳа пурсиш намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, атмосфера, замин, муомилот бо партовҳо ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Дар навбати худ намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш. ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти нозирӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии барномаҳои соҳавию давлатӣ, назорат ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва дигар аснодҳои назоратӣ супоришҳо дод.
Забони миллат – пояи давлат
Ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қайд карда мешавад, ки ба феҳристи ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз пас аз суханони табрикӣ нақши муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду густариши забони тоҷикӣ беназир арзёбӣ намуд, ки маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид. Қайд карда шуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист низ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намуда, барои баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.