Дар асоси нақшаи корӣ бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, ахборот ва иттилооти Сарраёсат ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шахри Хуҷанд дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» -ро гузарониданд. Рафти амалиёт 32 адад нақлиётҳои тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Истиқлол
Дар асоси нақшаи корӣ кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера дар ҳамҷоягӣ бо кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истиқлол дар кӯчаи марказии шаҳр амалиёти «Ҳавои тоза» -ро гузарониданд. Рафти амалиёт 23 адад нақлиётҳои тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Нисбати ронандагони 3 воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Бо мақсади таъмини рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №626 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 08.02.2013с. №31 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва баҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо» мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам чораҳои заруриро андешида истодааст.Бо ин мақсад бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷамоати деҳоти Сомониён сойи Томчисой бо ҷалби техника партовҳои бесоҳиб дар ҳаҷми 4 м3 бартараф карда шуд. Чорабиниҳои пешгирии ифлосшавии муҳити атроф, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба идҳои миллии дар пешистода дар дигар ҷамоати шаҳраку деҳот идома дорад.
Озмун - намоиши VIII-уми ҷумҳуриявии парандаҳои хушовоз дар шаҳри Хуҷанд
Дар толори бинои МД «Қасри ҷавонони ба номи Л.Шералӣ»-и шаҳри Хуҷанд озмун - намоиши VIII-уми ҷумҳуриявии парандаҳои хушовоз баргузор гардид. Дар озмун – намоиш меҳмонон, парандапарварони чунин парандаҳои хушовоз аз пойтахти ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе, аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Деваштичи вилояти Суғд дар маҷмуъ беш аз 40 нафар иштирок намуданд. Тибқи шартҳои баргузории чорабинӣ, аз ҳамаи иштирокчиён 25 парандаҳои хушовоз ба озмун роҳ дода шуда, доварони интихобгардида пас аз шунидани ҳар як паранда баҳогузорӣ намуданд. Дар натиҷа иштирокчиён аз шаҳри Хуҷанд ҷойи якум ва сеюмро ишғол карда, иштирокчӣ аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи дуюм гардид ва онҳо бо дипломи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, медал, ҷом ва тўҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ғайр аз ин, ба ғолиби озмун - намоиши VIII-уми ҷумҳуриявии парандаҳои хушовоз аз ҷониби намояндаи сарраёсат Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. Ҳамчунин, ба 10 нафар барои иштироки фаъолона сипосномаи сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят супорида шуд.