Амалиётҳои назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик

  Тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист  аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат дар обанбори Баҳри тоҷик  амалиётҳои назоратӣ гузаронида шуд. Ҳангоми амалиёт ошкор карда шуд, ки моҳидорони ҶСК «Таъминоти моҳӣ» бар хилофи талаботҳои қоидаҳои моҳидорӣ бо сайди моҳӣ машғул буданд. Бинобар вайрон шудани моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» нисбати шахсони мазкур мувофики Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамчунин дар ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» бо мақсади муайян намудани намуд, вазн, андоза, синну сол, олотҳои сайди моҳӣ ва дошти шабонарузии моҳӣ ба ҳар як олоти сайд  11 адад  санадҳои назоратӣ-таҳлилии сайди саноатии моҳӣ тартиб дода шуд.

Насби қуттиҳои хурди партов аз тарафи муҳассилин дар шаҳри Хуҷанд

  Муҳассилини “Имдоди Ғайрат” 12 адад қуттиҳои хурди партовро дар маҳаллаҳои шаҳр насб карданд. Хонандагони барномаи “Дастмузди хурди дастрасӣ”-и шаҳри Хуҷанд Access Microscholarship Program (ТҶ “Имдоди Ғайрат”) дар конфронси ҳарсолаи минтақавии USANT оид ба маърифати экологӣ ширкат варзида, барои лоиҳаи худ - «Хонандагони “Аксес” - зидди партов!» гранти хурдеро ба даст оварда, ҳиссаи худро дар тозагии муҳити зисти шаҳр гузоштанд. Хонандагон дар доираи ин лоиҳа дар се микроноҳияҳои шаҳри Хуҷанд 18, 28, 31 ва 32 беш аз 12 адад қуттиҳои хурди партовро насб карданд. Ин қуттиҳо  асосан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар  назди литсейи ДДҲБСТ, филиали "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон", мағозаи "Сафия", даромадгоҳи мактаби таҳсилоти умумии №22 ба номи Ҷ.Расулов, дар паҳлӯи мағозаи «Комил», назди МТМУ№10 ва №8 ҷойгир карда шуданд. Масъулин изҳор доштанд, ки маҳаллаҳои номбурда тасодуфан интихоб нашуда, худи иштирокчиёни лоиҳа дар ин мактабҳо таҳсил мекунанд ё дар ин маҳаллаҳо зиндагӣ мекунанд ва шоҳиди он мешаванд, ки на ҳамаи мактаббачагон, роҳгузарон, харидорони мағозаҳо ва сокинон дар ҳифзи муҳити зист масъулияти баланд эҳсос мекунанд.

Амалиётҳои назоратӣ дар ноҳияи Спитамен

  Бо мақсади назорат ва ба танзим даровардани ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ, пешгирии ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ, бахусус дар манбаҳои обӣ аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам амалиётҳои назоратӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёти назоратӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен ғайриқонунӣ партофтани партови сохтмонӣ дар лаби сой аз тарафи сокинони н.Спитамен Атабеков Миралӣ ва Хӯҷаматов Мақсудҷон ошкор гардид. Ҳуқуқвайронкунандагон бо моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвай-ронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуданд, зеро онҳо талаботи моддаҳои 44,53 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”-ро риоя накарданд.

Иштироки 30 нафар экологҳои ҷавон аз шаҳрҳои Конибодом ва Хуҷанд дар лагери панҷрӯзаи 10-уми экологии «Хонаи сабзи мо - 2023»

  Давоми соли таҳсили 2022-2023 дар 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Конибодом ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» таъсис дода шуд. Ба он хонандагони фаъоле, ки ба муҳити зист ва мушкилоти он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд шомил гардиданд. Дар давоми соли хониши сипаригашта хонандагон доир ба экология дониши иловагӣ гирифта, дар аксияҳои экологии ҷамъоварии партовҳои пластик ва коғаз иштирок карданд ва ҳамчунин мунтазам шанбегиҳо ташкил намуданд. Ғайр аз ин, як қатор чорабиниҳо, аз он ҷумла «Эко-викторина» - КВН, фестивали «Дӯстдорони табиат» ва дигар баргузор гардид, ки дар онҳо дастаҳои «Нозирони сабз»-и ин 6 мактаб ширкат варзида, барои ишғоли ҷои аввал мубориза бурданд. Бо фарорасии фасли тобистон ва анҷоми соли таҳсилӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» (YGPE) лагери 10-уми экологии «Хонаи сабзи мо - 2023» дар лагери «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон ташкил карда шуд, ки ба он аз 80 дархост тариқи озмун 26 нафар иштирокчиён интихоб гардидаанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.