Ҳар сол 4 октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳайвонот ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи асосии ин санаи экологӣ ҷалб намудани башарият ба ҳифз, нигаҳдорӣ, наҷоти олами ҳайвонот ва ҳифзи гуногунии намуди онҳо маҳсуб меёбад. Олами гуногунии биологии Тоҷикистон хеле ғанӣ ва нотакрор аст. Дар ҳудуди начандон калони ҷумҳуриамон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст. Бештари онҳо дар экосистемаҳои кўҳӣ сукунат гирифтаанд. Дар мавзеҳои водию пешкӯҳҳо, дарёҳо, заминҳои кишоварзии назди шаҳру ноҳияҳои диёрамон намудҳое паҳн гардидаанд, ки бо аҳолӣ зич ҳаёт мебаранд. Аз мониторинги солҳои охир бармеояд, ки дар зери таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ баъзе намудҳои олами ҳайвонот миқдоран кам шуда, ҳатто як қисми намудҳо зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд. Олами ҳайвоноти Тоҷикистон хеле бой ва гуногунранг мебошад. Дар ҳудуди кишвар 49 намуди моҳӣ, 2 намуди ҷонвари дубаҳра, 44 намуди ҳайвоноти хазанда, 10 ҳазор ҳайвони бемӯҳра, 85 намуди ҳайвоноти ширхор, ки дар байни онҳо ҳайвони нодир, чун гӯсфанди Марко Поло, оҳуи хушзоти бухорӣ, ғизол зиндагӣ мекунад. Намояндаҳои зиёди олами ҳайвонот ва рустаниҳои Тоҷикистон ба Китоби байналхалқии сурх ҳамчун навъҳои нодир ва ё аз байнрафтаистода, ки ҳифз ва диққати махсусро талаб менамоянд, ворид карда шудаанд.
Иштирок дар маъракаи ҷамъоварии пахта
Кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят чун ҳамасола бо мақсади иштироки фаъолона ва гузоштани саҳми арзанда дар маъракаи ҷамъоварии пахта ба ноҳияи Спитамен сафарбар шуданд. Дар майдони пахтазори хоҷагии деҳкони Деҳқонбоев Н. - и ноҳия аз ҷониби кормандони Сарраёсат зиёда аз 300 кг пахта ҷамъоварӣ гардида, ба хирмани хоҷагӣ супорида шуд.
Корҳои ташвиқотӣ- тарғиботӣ ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон"
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, оид ба мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ – ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати фаҳмонидан ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ки 24 декабри соли 2022 қабул гардидааст, дар Маркази саломатӣ ва Литсейи касбӣ техникии шаҳри Истиқлол вохӯрии тарғиботӣ -ташвиқотӣ гузаронида шуд. Дар он сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода А.Ғ., мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Толибзода М., сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” Шарифзода А. иштирок доштанд. Рафти вохӯрӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода А.Ғ. доир ба аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" баромад намуда, иброз намуд, ки масъалаи тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала изҳори назар менамоянд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Панҷакент
Дар асоси нақшаи кории ҳамҷояи шуьбаи ҳифзи муҳити зист бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар миқёси шаҳр ҷиҳати тозаву обод намудан ва беҳсозии муҳити экологӣ бо иштироки васеи кормандони ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, соҳибкорон ва аҳолии ҷамоати деҳот ва шаҳр шанбегӣ гузаронида шуд. Аксия бо иштироки 8718 нафар гузаронида шуда, ҷуйборҳо ба масоҳати 6 км, манбаҳои обӣ - 1,2 км ва роҳравҳо ба масофаи 7,5 км аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, 39,5 тонна партовҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ ҷойгиронида шуд.