Баҳри ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяҳо» дар Муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмуни «Ҳифзи пирьяхҳои Тоҷикистон» гузаронида шуд. Озмун бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил ва гузаронида шуда, дар он устодони МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони шуъбаи маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, омӯзгорон ва хонандагони муассиса иштирок доштанд. Оғози чорабинӣ хонандагони мактаб мусаввараҳои худро дар мавзуҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистон, гармшавии иқлим ва таъсири он ба пирьяхҳо, ҳифз ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ ба намоиш гузоштанд, ки ҳайати ҳакамон, ба донишу қобилияти хонандагон доир ба экология баҳои баланд доданд. Дар интиҳои чорабинӣ барои гирифтани ҷойҳои намоён ва иштироки фаъолона дар озмун сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия Носиров С.М. 30 нафар хонандагонро бо диплом ва туҳфаҳо сарфароз гардонид.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истиқлол
Баҳри иҷрои нақшаи корӣ, бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Истиқлол аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия 50 нафар омӯзгорон ва хонандагони муассиса фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи муассиса аз алафҳои худруй ва бегона, партовҳои гуногун тоза ва аз тарафи КДФ ХМК партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Чунин аксияҳои экологӣ дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ гузаронида шуда истодааст.
Аксияи «Тозагии роҳ, маҳал ва соҳил» дар ноҳияи Деваштич
Бо мақсади беҳтар намудан ва беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ, тозаву обод намудани роҳҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, иҷроиши нақшаи тасдиқгаштаи мақомоти ҳифзи муҳити зист, дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ваҳдат, Росровут ва ҷамоати шаҳраки Ғончӣ аксияи «Тозагии маҳал, соҳил ва роҳ» бо иштироки беш аз 100 нафар аҳолии ҷамоатҳо гузаронида шуд. Аксия бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия ташкил ва гузаронида шуда, дар натиҷа 1,8 км роҳҳои мошингард, 1,5 км сойи маҳаллаҳо ва ҷуйборҳо тоза карда шуда, 1,5 тн партов бо ҷалби техника ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Айнӣ
Бо мақсади амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати ҳифзи мухити зист дар вилоят, тозаву обод намудани муҳити зист дар шоҳроҳи Айнӣ - Чаноқ бо ҷалби васеи аҳолии ҷамоатҳо, хонандагони МТМУ № 1 аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Аксия бо иштироки 175 нафар гузаронида шуда, минтақаҳои аҳолинишин ва ҷуйбору манбаҳои обӣ ба масоҳати 2 км аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, 1,3 м3 партов бароварда шуд.
Еще статьи...
- Баргузории чорабиниҳои кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шаҳри Бӯстон
- 16 сентябр - Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон
- Иштирок дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе
- Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз Ғуфрон ба муносибати 32-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ