Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист ба муносибати 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миқёси вилоят аксияи «Тозагии соҳил» мунтазам идома дорад. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Масчоҳ бо иштироки кормандони муассисаву ташкилотҳо, хонандагони коллеҷу муассисаҳои таълимӣ канали «Тоҷикистони советӣ» аз лою обсабзҳо тариқи ҳашар ва бо истифода аз техника тоза карда шуд.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Ашт
Бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҷамоати деҳоти Ашт, Пунук, Понғоз ва Ориёни ноҳияи Ашт аксияҳо «Тозагии соҳил» бо иштироки беш аз 480 нафар намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии ҷамоати деҳотҳо баргузор гардид. Дар рафти аксия аз тарафи иштирокчиён 12 километр соҳили сойҳо ва ҷӯйборҳо аз партовҳои гуногуни пластикиву истеъмолӣ пурра тоза карда шуда, дар натиҷа ба миқдори 0,5 м3 партов бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд
Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд, бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф ва бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 32 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд. Дар аксия соҳибкорони инфиродии маҳал, кормандони Корхонаи воҳиди давлатии коммуналӣ, Сарраёсати ободонӣ ва Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 50 нафар иштирок намуда, селроҳа оғоз аз минтақаи Роҳи Абрешим маҳаллаи 34-ум то кӯчаи Сирдарё бо истифода аз техника аз партовҳои гуногун ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Дар натиҷа зиёда аз 100 м3 партовҳо ба партовгоҳи умумишаҳрӣ бароварда шуд. Бино ба маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ баргузории чунин шанбегиҳо то ҷашнҳои миллӣ пешбинӣ гардидааст.
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳанӯз 26 сол муқаддам санаи 27 июни соли 1997 бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди тоҷик аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашта тавонист. Дар таърихи навини давлатдориамон маҳз расидан ба ваҳдати миллӣ ба таҳкими давлатдории миллӣ, баланд шудани эътибори байналмилалии давлатамон, хештаншиносии мардуми тоҷик ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ мусоидат намуд. Бо эҳтироми хоса ва ифтихори бузург ҳамаи онҳое, ки дар муҳофизати табиати диёр ва беҳдошти муҳити зист саҳмгузоранд, бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта,таманнои онро дорам, ки эҳсоси баланди ватандориву хештаншиносӣ, нангуномуси миллӣ ва ифтихор аз муқаддасиву пойдории Ваҳдати доимии халқи азизамон ҷовидона ва оламгир бошад. Рӯзи Ваҳдати миллӣ, муборак!