Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи ҳаёту табиат” дар ноҳияи Масчоҳ

  6 июни соли ҷорӣ бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи ҳаёту табиат” баргузор гардид, ки ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва эълон гардидани “Соли 2025 – соли ҳифзи пиряхҳо” бахшида шуда буд. Дар ҳамоиш раиси ноҳияи Мастоҳ Аъзам Ализода, муовини сардори Сарраёсат Гулов А., кормандони сарраёсат, мудирони шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру навоҳии вилоят, собиқадорони соҳа, ғолибони озмунҳои экологӣ, фаъолон ва  сокинону меҳмонони ноҳия иштирок намуданд. Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ализода Аъзам бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим гуфт, ки сокинони сайра  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешниҳодҳои муфиду мушаххас дар ҳалли масоили глобалӣ  эҳтироми махсус доранд. Дар идомаи ҳамоиш ба ғолибони озмуни ноҳиявии “Ҳифзи пиряхҳо - ҳифзи ҳаёту табиат” аз рӯи номинатсияҳои мақолаи беҳтарин, шеъри беҳтарин ва расми беҳтарин бо Сипоснома ва маблағҳои пулии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Сипас ба як гуруҳ фаъолон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Барномаи рангини консертӣ ва рақсу бозии ҳунармандон дар либоси ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба ҳамоиш шаҳомати дигар бахшид.

Таҷлили Рӯзи байналмиллалии муҳити зист дар вилояти Суғд

  Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист санаи 5 июн дар назди театри мазҳакаи мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳунармандони шинохтаи эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор гардид. Дар қисми расмӣ бо суханони табрикӣ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, намоянда аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Абдусалим ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баромад намуда, барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии экологӣ як қатор кормандони фаъоли мақомот  бо сипосномаву тӯҳфаҳо  сарфароз гардонида шуданд.

Баргузории аксияи ташвиқотӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист

  Бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист бо иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ба марказҳои савдои   Амид воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ ва  маҳаллаи  13, «Доро» ва «Анис» барои харидорон  ба миқдори 6 ҳазор адад халтаҳои қоғазӣ тақсим карда шуд. Мақсади асосии баргузории чунин аксияи ташвиқотӣ баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон баҳри ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, пешгирии истифодаи халтаҳои полиэтиленӣ, ивази онҳо ба халтаҳои коғазӣ, ки ба муҳити зист зарар надоранд.

Қадрдонии кормандон ва собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист

  Бахшида ба Рӯзи байналмилалии  муҳити зист дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маросими қадрдонии кормандон ва собиқадорони ҳифзи муҳити зист баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо иштирокчиёнро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборакбод намуда, қайд намуд, ки  ин рўзҳо барои ҳамаи кормандон, мутахассисон ва алоқамандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, дўстдорони табиат, умуман нафароне, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, рўзи фаромӯшнашаванда ва хурсандибахш аст. Зеро Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад ва ҳамасола дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, дар маҷмўъ зиёда аз 130 давлат санаи 5–уми июнро ботантана қайд менамоянд. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 5 июн ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардида, дар асоси он ҳар сол, ҳамчун Рўзи байналмилалии муҳити зист таҷлил мегардад ва ба масъалаҳои мубрами экологӣ, аз ҷумла тоза нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифз намудани сарватҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ диққати махсус дода мешавад. Сипас, муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз   кормандон ва собиқадорони соҳаро бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.