Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент

  Аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар  Панҷакент бо ҳамкории кормандони БДА-и шаҳр дар шоҳроҳи Панҷакент- Айнӣ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуда, 30 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд. Рафти амалиёт миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян  карда нашуд.

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Исфара

Бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар соҳили дарёи Исфара аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 50 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ - аъзоёни Гӯшаи Амрико фаъолона иштирок намуда, ду тарафи соҳили дарё аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона ба миқдори 4 м3 тоза карда шуд. Мавриди зикр аст, ки бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара якҷоя бо Гӯшаи Амрикоӣ чунин аксияҳои экологиро мунтазам доир менамояд, ки ин барои баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас мусоидат менамояд.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Конибодом

  Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар шаҳри Конибодом амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 32 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Семинари омӯзишӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин

  Санаи 20.04.2023 дар толори сарраёсат бахшида ба 22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии замин семинари омӯзишӣ бо иштироки кормандони шуъбаҳои сарраёсат ва мутахассисони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, ки ба назорати самти ҳифзи замин вобаста мебошанд иштирок доштанд. Тибқи барномаи семинар аз ҷониби сармутахассисон баромадҳо дар мавзӯҳои роҳҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корами вилояти Суғд, истифодаи захираҳои замин ва оқибати экологии он, маълумоти итиллотӣ оид ба баргузории Рӯзи Замин, тартиби дуруст ҳисоб намудани зарар ҳангоми ифлос намудани замин шунида шуд. Ҳамзамон доир ба масъалаҳои пешгирии эрозия ва биёбоншавии замин, барқарорсозии хати муҳофизатии ҷангал ва корбарӣ ҷиҳати муайян намудани ҳолати расонидани зарар ба захираҳои замин қайд карда шуд.  Дар қисмати муҳокимаи маърӯзаҳо ва таҳлили баромадҳо саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои худ иштирокчиён маълумоти мушаххас гирифтанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.