15 апрел – Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ

   Ҳамасола санаи 15 – апрелро дўстдорони табиат чун Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Ин иқдом соли 1992, зимни баргузории Конфронси СММ дар шаҳри Рио-де-Жанейро, ки масъалаҳои доғи рушди устувори аҳли башар муҳокима мегардид, ба ҳукми анъана даромад. Тарбия ва маърифати экологӣ – фаъолият доир ба ташаккули маданияти экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист ва таъмини донишҳои экологӣ мебошад. Ҳадафи асосии таҷлили ин рӯз - пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани ҷомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ, ҳамчунин тарбия намудани ҳар фарде, ки барояш беҳдошти муҳити зист бетавофут нест. Муҳим будани дониши экологӣ дар замони муосир яке аз ҷабҳаҳои муҳим дар таълим ва тарбия маҳсуб меёбад. Зеро фаъолият дар пеш бурдани маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбати муҳити зист – ин кафолати ояндаи солим барои инсон мебошад. Яке аз вазифаҳои муҳими амалисозии сиёсати давлатӣ ин тарбияи маърифати экологӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад ҳамасола байни кормандони воситаҳои ахбори омма ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва намояндагони васоити ахбори омма оид ба мавзўъҳои экологӣ озмунҳо эълон гардида, ғолибон аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист қадрдонӣ мегарданд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ду Барномаи давлатӣ, ки ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст амалӣ гардид.

Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар давраи манъи сайди моҳӣ дар шаҳри Исфара

   Бо мақсади иҷроиши фармоиши сардори Сарраёсат оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023 аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳитизист дар шаҳри Исфара мунтазам амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуда истодааст. Давоми 15 рӯзи аввали давраи манъи сайди моҳӣ 4 адад санадҳои азназаргузаронӣ, 2 адад амрнома ва 1 адад протокол оиди хариду фурӯши моҳӣ тартиб дода шуд. Ба роҳбарони субъектони хоҷагидори шаҳр амрнома барои роҳ надодан ба хариду фурӯши моҳӣ дода шуда, дар байни фурӯшандаҳои нуқтаҳои моҳифурӯшӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Чорабиниҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ дар шаҳри Истаравшан

  Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзимуҳитизистдарвилоятиСуғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023 аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳитизист дар шаҳри Истаравшанамалиётҳои фаврӣ гузаронида шуд. Ба роҳбарони бозорҳо барои дар давраи тухмигузорӣ ба хариду фурӯш роҳ надодан амрнома дода шуда, дар байни фурӯшандаҳои нуқтаҳои моҳифурӯшӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд. Давоми 15 рӯзи аввали давраи манъи сайди моҳӣ санадҳои азназаргузаронӣ, 5 адад армнома ва 1 адад протокол оиди хариду фурӯши моҳӣ тартиб дода шуд.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Деваштич

    Дар асоси нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар нуқтаи санҷиши давлатии техникии ноҳия амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори аз меъёр зиёди партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда нашуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.