Дар асоси муроҷиати сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Бофанда 3 Мусоев А. тариқи сомонаи интернетии робита бо ҷомеа (Вотсап) сармутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сармуҳандиси КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и ш.Хуҷанд, сариқтисодчии КД “Истифодабарии манзил”-соҳили чап, сардори қитъаи КД “Истифодабарии манзил ”-и соҳили чап ва беш аз 12 нафар бо сокинони маҳалла корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар нуктаҳое, ки дар муроҷиат қайд шудааст, 2 адад ишора ва овезаҳои огоҳкунанда насб шуда бошад ҳам, баровардани партовҳои маишӣ аз биноҳои баландошёна ва ҷойгиронии он дар қадди роҳ ба чунин ҳолатмубаддалгаштааст. Аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҳузури муроҷиаткунанда ва сокинон, соҳибкорони маҳал моҳияти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаҳмонида дода шуда, ба масъулини КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд ва КД “Истифодабарии манзил” ҷиҳати босифат расонидани хизмат-расониҳои коммуналӣ, сари вақт баровардани партовҳо дастуру супоришҳо дода шуд. Тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф қарзи ҳар як шаҳрванди ватандуст буда, аз маданияти баланди экологӣ шаҳодат медиҳад.
Насби лавҳаи иттилоотӣ дар шаҳри Хуҷанд
Бахшида ба эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо», ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кӯчаи Гагарин аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд лавҳаи иттилоотӣ насб карда шуд. Мақсад аз насб намудани чунин лавҳаҳои экологӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист маҳсуб меёбад.
Насби овезаҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Бо супориш ва дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарраёсат тасмим гирифтааст, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо оид ба қатънома дар бораи эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» то ду овеза – дар назди бинои мақомоти соҳавӣ ва дар ҳудуди шаҳр ё ноҳия насб намояд. Дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов чунин овеза насб гардида, аз тарафи як қатор зерсохторҳои сарраёсат дар дигар шаҳру ноҳияҳо корбарӣ идома дорад. Масъалаи мазкур ҷиҳати иттилоотонидани аҳолӣ оид ба қабул шудани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мусоидат карда, дар баробари ин бобати иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» саҳми назаррас расонида мешавад.
Вохӯрии кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар муассисаи таълимии ноҳияи Шаҳристон
Тибқи барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №8 ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист вохўрӣбо омӯзгорону хонандагони синфҳои болоӣ – 10 ва 11 баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ ба иштирокдорон оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуда, ҳамзамон бо мақсади ташвиқу тарғиби эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» ба иштирокдорон баромад дар мавзўъи «Пиряхҳо ва мавқеи онҳо дар табиат» пешниҳод карда шуд. Дар навбати худ аз тарафи омўзгорон низ дар бораибаъзе нуктаҳои Паёми навбатӣ ва қабул шудани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид таъкид гардид. Дар интиҳо ҳангоми саволу ҷавоб ба хонандагон иловатан маълумот доир ба масъалаҳои мутобиқшавӣ ва паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо пешкаш карда шуд.